Шанбегӣ ва корҳои ободонӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва  шанбегиҳо инчунин мувофиқи Нақшаи кории суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ, ки бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ гузаронида шуд, гирду атроф ва боғи назди бинои Суди Олии иқтисодиро тоза намуда дар он гулҳои мавсими ва ороиши шинониданд. Инчунин гирду атрофи дарахтон ва гулҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуд.

 


Leave a Reply