Маълумот доир ба фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018

Судҳои иқтисодӣ марҳила ба марҳила татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла, такмили қонунгузорӣ, беҳтар гардидани шароити кориву вазъи иҷтимоиро эҳсос намуда, бо масъулияти баланд ҷиҳати иҷрои муқарраротҳои Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, барқарорсозии адолати иҷтимоӣ дар соли сипарӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

соли 2018 аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ 1026 (479) нафар ва раисони судҳои поёнӣ қабули 575 (489) нафар шаҳрвандон, ҷамъ 1601(968) нафар дар рўзҳои шанбе ва рӯзҳои корӣ ба роҳ монда, арзу муроҷиатҳо шунида, ҳаллу фасл гардидаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон қабули сайёри шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқӣ доир гардид.

Беҳтар гардонидани сифати баррасии парвандаҳо самти муҳими фаъолияти суди болоӣ буда, мунтазам сабабҳои бекоршавии қарорҳои судӣ таҳлил ва дар ин замина, амали 4 нафар судяҳо дар назди Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ муҳокима карда, 8 нафар судя ба таҷрибаомўзии 10 рўза ба Суди Олии иқтисодӣ ҷалб гардида, бобати таҳия ва қабули санадҳои қонуниву асосноки судӣ, ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, тартиби баҳои ҳуқуқӣ додан ба далелҳои парванда ва дигар самтҳои пешбурди адолати судӣ малакаю дониши касбии худро тақвият бахшиданд.

Инчунин, охири ҳар моҳ машғулияти семинарӣ бо мақсади сайқал додани касбият, дониши ҳуқуқӣ, одобу муоширати касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо баргузор гардида, камбудиҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта, сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, диққати судяҳо ба татбиқи дурусту ягонаи меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, роҳ надодан ба кашолкорӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ ҷалб карда шуд.

Дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо дар давраи ҳисоботӣ 9 нафар судяҳои судҳои иқтисодӣ доир ба мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳашон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Ба ғайр аз ин, дар давраи ҳисоботӣ Пленуми Суди Олии иқтисодӣ баргузор карда шуда, бобати бо қонунгузорӣ мутобиқгардонӣ ва мушаххас тавзеҳ додани меъёрҳои алоҳидаи қонунҳои моддиву мурофиавӣ  5 адад қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиру иловаҳо такмил дода шуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади таҳлили таҷрибаи баррасии баҳсҳое, ки аз муносибатҳои замин бармеоянд, бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии татбиқкунандаи меъёрҳои қонунгузории замин, олимони соҳаи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ  дар мавзўи «Хусусиятҳои баррасии баҳсҳое, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд» ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар шаҳри Душанбе ва семинари  омӯзишӣ  дар мавзӯи «Таҷрибаи  ҳалли баҳсҳо марбут ба замин дар судҳои иқтисодӣ»  дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  гузаронида, маводҳои он ҳамчун дастур нашр ва ба судяҳову мақомоти дахлдор дастрас карда шуд.

Дар ин асно, аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ бо мақсади таҳияи санадҳои судии асосноку қонунӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи дурусту ягонаи судӣ китоби намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиавии иқтисодӣ  таҳия гардида он дар марҳалаи нашр қарор дорад.

Дар ин давра, Дастурамал оид ба тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардида, дар шакли китоби алоҳида нашр ва дастраси судҳо гардонида шуд. Дар ин замина, омўзиши Дастурамал ва таҷрибаомўзии сардорони шўъбаи коргузории судҳои поёнӣ дар Суди Олии иқтисодӣ роҳандозӣ гардид.

Бобати иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои солҳои 2013-2020, Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон ва Шўрои миллии  муқовимат  ба коррупсия Барнома ва Нақшаи дохилиидоравӣ барои солҳои 2019-2020 таҳия ва  тасдиқ карда шуд. Илова бар ин, дар сомонаи суд вобаста ба муқовимат бо коррупсия  саҳифаи (блог) нав фаъол карда шуд.

Бобати пешгирии хавфҳои коррупсионӣ Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият таҳия гардида, инчунин баҳри таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо ва дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар хусуси иттилоот оид ба фаъолияти судҳо сомонаҳои судҳои иқтисодӣ дар шабакаи интернетӣ фаъолият дошта, ҷиҳати тақвияти сомона дар он саҳифаҳои нав, аз ҷумла, тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодӣ, огоҳонидани  шахсони иштироккунандаи парванда оид ба маҳал ва вақти баррасии парванда, баррасии муроҷиатҳо тариқи почтаи электронӣ ҷойгир ва амалӣ карда мешавад.

Ғайр аз ин, дар сомона мунтазам ахборот ва навигариҳо оид ба фаъолияти суд, чорабиниҳо, вохӯрӣ бо аҳолӣ, эълонҳо, мақолаҳо, баромад ва маърӯзаҳо, корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ, муқовимат бо коррупсия, терроризм ва ифротгароии хушунатомез ва чорабиниҳои дигар интишор карда мешавад. Дар соли ҳисоботӣ  сомонаҳои судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе аз нав коркард ва фаъол гардида, мутаасифона сомонаи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва Суғд то ҳол фаъол нестанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бобати андешидани тадбирҳо оид ба беҳдошти вазъи иҷтимоию маишии судяҳо ва таъмини сатҳи зарурии шароити моддию техникӣ ва ташкилии судҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир гардида, дар соли сипарӣ бо мақсади азнавкунӣ судҳо бо таҷҳизоти компютерии нав таъмин карда шуда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 4 нафар судяҳои судҳои иқтисодӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шуданд.

Интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар судҳои иқтисодӣ дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат роҳандозӣ гардида, дар соли 2018 аз ҳисоби судяҳои ботаҷриба, ҷавон ва лаёқатманд 3 нафар – ба вазифаҳои Раиси Суди иқтисодии ВМКБ, раис ва муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд пешниҳод ва таъин гардидаанд.

Инчунин, аз судҳои иқтисодӣ 16 нафар кормандони дастгоҳи суд дар озмун барои ишғоли вазифаи коромўз-судя иштирок намуда, аз ин шумора 5 довталаб аз ҷумла, 3 нафар духтарони болаёқат дар имтиҳонҳо ба натиҷаҳои хуб ноил гардида, ба вазифаи коромўз-судя таъин гардиданд. Ғайр аз ин дар соли ҳисоботӣ ду маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои  холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуда, 19 нафар кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ тариқи озмун ва 2 нафар мутахассиси ҷавон дар асоси роҳхати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор қабул карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар Суди Олии иқтисодӣ барои судяҳо  ва кормандони дастгоҳи суд машғулиятҳо оид ба омӯзиши забони англисӣ (курсҳои шуруъкунӣ)  ташкил карда шуд.

Наздик 10 сол мешавад, ки  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» мавриди иҷро қарор дорад. Воқеан,  санади мазкур ба инъикоси шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, дастраси омма гардидани иттилоот оид ба фаъолияти онҳо ҳаматарафа мусоидат менамояд.

Дар ин асно, 5 (8) маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» мавриди омўзиш қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳо ва муаллифони мақола ҷавоб ирсол гардидааст.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ҳаллу фасл намудани баҳсҳо дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ мебошад.

Натиҷаи омўзиш ва таҳлили фаъолияти корӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба судҳои иқтисодӣ 3398 (3166) адад аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикояту дархостҳо ворид гардида, аз ин шумора дар марҳилаи якум 2629 (2081) адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, 1705 (1670) адад парванда моҳиятан баррасӣ ва ҳалномаи судӣ қабул карда шудааст. Истеҳсолот доир ба 169 (233) парванда қатъ карда шуда, 134 (175) аризаҳо бебаррасӣ мононда, 6 (3) адад парванда аз рўи тобеият ирсол карда шудааст. Қабули 50 ариза рад ва 565 аризаву шикоятҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 317 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 260 парванда бо тариқи назоратӣ ва 14 парванда дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, тибқи омори пешниҳодгардида дар давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ 5 362 115 сомонӣ (8 089 301,57 сомонӣ) боҷи давлатӣ пардохт ва ба буҷети давлатӣ ворид карда шудааст.

Доир ба рўёнидани зарар ба манфиати давлат дар ҳамин давра ба маблағи 304 225 162 (948 270 570,78) сомонӣ талабот арз гардида, аз ин шумора талабот нисбат ба 261 609 698,60 (484 745 966,90) сомонӣ қонеъ гардидааст. Оид ба рўёнидани ин маблағҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ варақаи иҷро ирсол шудааст.

Қобили қайд аст, ки бо таъсиси сохтори мустақил  Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати иҷрои санадҳои судӣ дар қиёс бо солҳои қаблӣ назаррас буда, тибқи таҳлилҳо дар соли 2018 91 926 052,01 сомонӣ (15 156 420,95 сомонӣ) маблағҳои ситонидашуда воқеан иҷро карда шудааст.

Дар амалишавии Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон судҳои иқтисодӣ саҳмгузор буда,  257 (180) парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардидааст. Марбут ба парвандаҳои баррасигардида дар 206 (52) ҳолат вайронкунии қонун ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба вайронкунии қонун оварда расонидааст, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷўӣ ирсол карда шудааст.

Дар ин давра, 53 (42) ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо гузаронида шуда, барои бартараф намудани сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳои роҳ додашуда 30 (31) пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст. Натиҷаи ҷамъбастиҳо дар машғулиятҳои семинарии ҳармоҳа мавриди омўзишу хулосабарориҳо қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохўриву мулоқотҳо бо аҳолӣ 1015 (904) маротиба баромадҳо, 153 (86) дар матбуот ва 30 (9) маротиба  дар сомонаҳо мақолаҳои илмию оммавӣ ба чоп расонидаанд. Дар ин ҷода фаъолияти кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ шоистаи таҳсин аст, ки хизматчиёни давлатӣ дар таҷрибаи судҳои иқтисодӣ бори авввал пайваста масъалаҳои мубрами рўзро бо баромаду мақолаҳояшон дар воситаҳои ахбори омма пайгирӣ намуданд.

Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 3 мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳои тавассути Телевизиони Тоҷикистон дар барномаи «Нерўи қонун» ба намоиш гузошта шуда, як адади дигар ба навор гирифта шуда,  дар марҳилаи намоиш қарор дорад.

Суди Олии иқтисодӣ тасмим гирифтааст, бо дар назар доштани он вазифаҳое, ки аз Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», амру фармонҳои Сардори давлат, инчунин дастуру супоришҳои Паёми Президенти ҷумҳурӣ бармеоянд, бобати ҳарчӣ зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва аз ҷониби судҳо ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини мустақилияти судяҳо, тамоми тадбирҳои заруриро андешида, фаъолияти худро тақвият бахшад.


Leave a Reply