Нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соли 2018

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суҳбату мулоқотҳои қаблӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма  ва иштироки мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳуқуқӣ Шоназаров С.А. нишасти матбуотӣ  доир ба фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагоди матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии «Ҷаҳонамо», Муассисаи давлатии «Душанбе», Рӯзномаи «Ҷумҳурият», Рӯзномаи «Садои мардум», Рӯзномаи «Народная газета», Рӯзномаи «Азия Плюс», Рӯзномаи «Фараж», Рӯзномаи «Халқ Овозӣ», Радио Озодӣ ва Маҷалаи “Илм ва Ҳаёт” иштирок доштанд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М.С. ёдовар шуд, ки  соли сипаригардида бо рўйдодҳои муҳиму дастовардҳои беназир, амсоли оғози расмии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, ба истифодадиҳии чархаи якуми НОБ-и “Роғун”, вусъати тозаи муносибатҳо бо ҳамсоя кишвар-Узбекистон, ки хешу ақрабову пайвандонро ба дидору висоли ҳамдигар расонида, боиси рушди ҳамкории миёни ду кишвар гардид, дар хотиру қалбҳои мардум маскан гирифт.

Мавсуф қайд намуд, ки дар раванди таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷўҳи Пешвои миллат бобати таҳкими ҳокимияти судӣ, такмили сохтору фаъолияти мақомоти судӣ, ки дар Паёми навбатӣ идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро таъкид намуданд, шаҳодати таъмини баробарии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ  мебошад

Судҳои иқтисодӣ марҳила ба марҳила татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла, такмили қонунгузорӣ, беҳтар гардидани шароити кориву вазъи иҷтимоиро эҳсос намуда, бо масъулияти баланд ҷиҳати иҷрои муқарраротҳои Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, барқарорсозии адолати иҷтимоӣ дар соли сипарӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода қайд намуд, ки ҷиҳати таъмини ошкорову шаффоф будани фаъолияти тамоми рукнҳои давлатй роҳандозй намудани ҳамкории доимй бо воситаҳои ахбори омма ва бо онҳо баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар идомаи нишасти матбуоти намояндагони воситаҳои ахбори омма, оид ба баҳсҳои вобаста ба замин, дар хусуси таъсиррасонӣ ба ҳалли парвандаҳо ва мустақилияти судҳои иқтисодӣ, баҳсҳои соҳибкорон бо мақомоти андоз, баррасии баҳсҳои сармоягузорони хориҷӣ, саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ ҳамкории доимиро бо намояндагони воситаҳои ахбори омма идома дода, дар оянда низ нишастҳои матбутиро дар муҳлатҳои муқарраргардида баргузор менамояд.

 

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply