Тарғибу ташвиқи нуқтаҳои паёми имсола дар шаҳри Ҳисор

Бо мақсади шарҳи  нуқтаҳои дар Паёми имсола зикргардида Темурзода Шамсиддин – судяи суди Олии Иқтисодӣ ва Қаландарзода Мансур – судяи Суди Олии иқтисодӣ ва Вализода Фаррух мутахассиси пешбари Суди Олии иқтисодӣ дар ҷамоати деҳоти Хонакоҳи Куҳи шаҳри Ҳисор бо сокинон ва фаъолон вохӯри гузарониданд.

Дар вохӯри бо сокинон ва фаъолон доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва паҳлуҳои муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат суҳбат гузаронида шуд.

Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар ин вохӯри ба самъи иштирокчиён расонида шуд.

Дар идомаи вохӯрӣ гуруҳ дар мавзӯъҳои зикргардида баромад намуда бо иштирокчиён суҳбати озод баргузор намуданд.


Leave a Reply