Ҷавонон созандагони Миллат

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.

Ҷаноби Олӣ низ дар Паём қайд намуданд, ки мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён намуданд.

Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Аз 23 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” чил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад.

Танҳо соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба маблағи 175 миллион сомонӣ 300 иншооти соҳаи варзиш сохта, ба истифода супорида шудааст.

Соли 2018 бошад ин раванди созанда вусъати тоза пайдо карда, 230 иншооти навбунёди варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Шумораи умумии иншооти варзишии дар зарфи даҳ соли охир, яъне солҳои 2008 то 2018 ба истифода додашуда ба зиёда аз 9300 расидааст.

Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати мо ҷавонон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошем.

Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки мо ҷавонон мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагардем, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошаем.

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.

Бояд гуфт, ки давлати Тоҷикистон ҷавон буда, қисми зиёди аҳолӣ ҷавонон мебошанд. Ҳамзамон шумораи зиёди аҳолии Тоҷикистонро шахсони синну соли 14 то 30 сола ташкил медиҳанд, ки аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсони ҷавон ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон — насли идомадиҳанди миллат, таърих, фарҳанг, анаъана, расму оин, забон ва бунёдгузорандаи ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Президенти кишвар дар суханрониҳои худ пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон бояд донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд. Бо дастгириҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ дар пойтахти азизамон академияи замонавии Кембриҷ 20-уми сентябри соли 2018 ба истифода дода шуд. Ин муассиса барои 500 нафар хонандагони синну соли мактабӣ ва то мактабӣ пешбинӣ шудааст. Дар муассиса дарсҳо аз рӯи барномаи пешинҳоднамудаи Британяи Кабир гуфта мешавад. Хатмкунандагони ин муассиса барои гирифтани маълумоти олӣ ҳуҷҷатҳои худро метавонанд, ки ба донишгоҳҳои машҳури Аврупо, ИМА ва Ҷопон супоранд. Дар нақша аст, ки то соли 2020 дар шаҳри Душанбе колеҷҷи замонавии Кембриҷ барои синну соли 18 то 23 сола сохта ва ба истифода дода мешавад.

Зикр бояд намуд, ки беш аз 27 сол мешавад, ки миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъво, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад.

Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.

Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд.

Мо ҷавонон ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулиятамонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамоем.

Мо ҷавонони кишвар худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем.

Муовини сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Бахтиёр Қурбонхон


Leave a Reply