Мизи мудаввар дар мавзӯи – Паём ҳамчун чароғи  роҳнамо ва пешбарандаи ҷомеа

25 январи соли 2019  дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе пеш аз оғози семинари  ҳармоҳа дар  мавзӯи Паём ҳамчун чароғи  роҳнамо ва пешбарандаи ҷомеа- тавзеҳи Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 ҳамоиш доир гардид.

Маҷлисро  Раиси Суди Олии иқтисодӣ  муҳтарам Қаландарзода М.С. бо сухани ифтитоҳи оғоз намуда, қайд намуданд, ки  Президенти мамлакат Пешвои муаззами миллат Паёми набатии худро дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дастовардҳои мардумӣ тоҷикро дар сиёсати дохиливу хориҷӣ таҳлил ва самтҳои асосии мамлакатамонро барои давраҳои минбаъда муайян намуданд.

Чи тавре  Раиси Суди Олии иқтисодӣ қайд намуданд, дар оғози Паём,  Пешвои миллат  таъкид доштанд, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Аввал ин бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳони Тоҷикистон дар соҳаи об – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” расман оғоз гардида ва 22 март  рӯзи ҷаҳонии захираҳои об эълон карда шуд..

Муҳтарам Қаландарзода Мавлуда   қайд карданд, ки   ин чорум иқдом аст, ки танҳо аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, дар масоили  об қабул  карда шудааст.

Дигар рӯйдоди муҳими таърихӣ ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Боз як  рӯйдоди муҳиму назаррас ин ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад. Ин дастовард баъди  мулоқоту   музокироти дуҷонибаи  сафарҳои  давлатии роҳбарони ҳар ду давлат  ва ба имзо расонидани  созишномаи шарикии стратегии байни кишварҳои  бо ҳам дӯсту  бародар  муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафту омади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нуҳ моҳ беш аз 2,5 миллион нафар  шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори  хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва гумманитарӣ  ба маротиб афзоиш ёфта  истодааст.

Дар Паёми  Пешвои миллат ҳадафи  дигари стратегӣ   саноатикунонии кишвар эълон  карда шуд, ки бо мақсади ба як кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод гардид, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуда ва то соли 2030 ҳисси саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохили ба 22 фоиз расонида мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани  иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита  ба соҳаҳои  иқтисодиёту  иҷтимоиёт мерасонад.

Дар натиҷаи   тадбирҳои   андешидаи Ҳукумати мамлаккат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда, содироти  маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта  истодааст.

Пешрафти соҳаи мухталифи иқтисодӣ, ба хусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шудаанд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати  меҳнати мераванд, 25 фоиз кам гардидааст. Даромади  пулии аҳолӣ  11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии  кишвар  нисбат ба соли гузашта  9 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  вобаста  ба қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши  он  нисбати соли 2010 қариб чор баробар зиёд буда, ҳиссаи хароҷотҳои соҳаи иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад.

Яке аз нуқтаҳои муҳими  Паёми навбатии   Ҷаноби Олӣ ба масъалаи дастгирии соҳибкорон  бахшида шуда буд.  Воқеан таи солҳои охир дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар саҳми соҳибкорон  дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат бештар  мегардад. Баҳри боз ҳам тақвияти ин раванд сарвари давлат  пешниҳод  карданд, ки  соли 2019 -300 рӯи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар  намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ гардад.

Бешубҳа  ин омил барои ривоҷу  равнақи густурдатарин соҳибкорӣ ва афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳо ба иқтисодиёти кишвар  такони  ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Инчунин аз ҷониби Пешвои  миллат  пешниҳод гардид, ки  ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда  ва сохторҳои марбута дар давоми як моҳ тартиби татбиқи имтиёзи мазкурро муайян намоянд.

Ғайр аз ин бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук  супориш дода шуд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда, муаррифии пурраи имкониятҳои сайёҳии кишвари мо, эҳё ба рушди ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест.

Аз ин рӯ зимни ироаи Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд.

Инчунин дар баромади худ  Мавлуда Сатторӣ қайд намуданд, ки  Пешвои миллат ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир  намуда, оид ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, рушд додани саноат, афзун намудани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин роҳ таъмини сатҳи иҷтимоӣ, маошу нафақа, касбомӯзӣ, дастгирии занон ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ, барои мардум вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун таъкид намуда, оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза ба терроризму экстремизм, такмили қонунгузорӣ дар ин самт дастурҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат роҷеъ ба ҳокимияти судӣ, идома додани ислоҳотӣ судӣ-ҳуқуқиро қайд карда, сохторҳои марбутаро таъкид намуданд, ки барномаи навӣ ислоҳотӣ судӣ-ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 вобаста ба такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, андешидани татбирҳо бобати баррасии босифату саривақтии парвандаҳои судӣ ва иҷрои санадҳои қабулгардида таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳанӯз дар Паёми Пешвои муаззами миллат соли 2006  бо мақсади таъмини тартиботи ҳуқуқи ва волоияти қонун дар ҷомеа зарурияти гузаронидани  ислоҳоти судӣ ҳуқуқӣ  ба миён омада  буд. Дар тӯли  ин солҳо  се барнома   қабул гардида, корҳои назаррас анҷом ёфтаанд, аз ҷумла, оид ба мустақилияти  ҳокимияти судӣ,  ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо,  ҳалли дигари масъалаҳои  ташкилии фаъолияти судӣ роҳандозӣ гардида, дар ин раванд  қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суди конститутсионӣ” “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва як зумра қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда шудаанд. Инчунин Кодекси одоби судяи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Бинобар ин дар фарҷоми баромади худ Раиси  Суди Олии  иқтисодӣ  таъкид  бар он намуданд, ки  бобати амалигардонии масоили дар Паём дарҷгардида фаъолона иштирок намуда  дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ нуқтаҳои  асосии Паём ба маълумоти мардум расонидашавад.

Ҳамзамон дар ҳамоиши мазкур вобаста ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат, судяи Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мансур дар мавзӯи “Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки  аз Паём бармеояд”,  раиси  Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода Зебо дар мавзӯи  “Мавқеи  занон  дар татбиқи  сиёсати  иҷтимоии  давлат, ки аз Паёми  сарвари давлат  бармеояд” ва муовини сардори раёсати Суди Олии иқтисодӣ Самадзода Бахтиёр дар мавзӯи “Ҷавонон созандагони  Ватану-Миллат”  баромадҳо намуда, иштирокчиёни  мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.


Leave a Reply