Ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ

Cанаи 21-26 августи соли ҷорӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои масъулони воҳиди сохтории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ оид ба шабакаи ягонаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи “Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он мутахасиси пешбари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғоибов Ғоиб ба таҳсил фаро гирифта шуд.

Дар курси такмили ихтисос ки аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида баргузор гардид, мавзуҳои Заминаҳои меъёри – ҳуқуқии ташаккули Ҳукумати электронӣ, Марҳилаҳои асосии татбиқи Ҳукумати электронӣ, Асосҳои ҳуқуқии ташаккули Ҳукумати электронӣ, Усулҳои мубодилаи электронии коргузорӣ тавассути шабакаи ягонаи байниидоравии мақомоти давлатӣ ва шабакаҳои интернетӣ  ва дигар мавзуъҳои вобаста ба соҳа инчунин Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосҳои Конститутсионӣ – ҳуқуқии такмили низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Баъди ба итмом расидани таҳсил дар маҷлисгоҳи Донишкадаи идоракунии давлатии Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар роҳбарияти донишкада ва устодон иштирок намуданд.

Дар идомаи мизи мудаввар иштиркчиён мубоҳиса намуда вобаста ба ташаккули Ҳукумати электронӣ таклифу пешниҳодҳо намуданд, ки аз ҷониби Роҳбарияти донишкада пазируфта шуд.

Дар анҷоми ба хатмкунандагон гувоҳнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply