АНДЕША АЗ ПАЁМ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
            Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Президенти мамлакат Паёми имсолаи хешро бо ишорат ба се рўйдоди хотирмони таърихӣ ва рамзи накуиву саодати мардуми тоҷик, ки дар соли 2018 ба вуқўъ пайвастанд, оғоз намуданд. Нахуст, оғози “татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», дувум, ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид” ва  “ҳалли масъалаҳои дар тўли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ўзбекистон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум”, маҳсуб меёбанд. Барҳақ, ин се рўйдоди нодири таърихӣ асрҳои аср дар сарнавишти миллат ва мардуми тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳанд шуд. Зеро ин рўйдодҳои муҳим ба оғози марҳилаи тозаи таҳаввулоти Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо заминаҳои устувор гузошта, дар таъмини нуфузи мақоми баланди кишвар ҳамчун давлати ташаббускори сатҳи  ҷаҳонӣ таъсиргузор хоҳанд буд.  Аз ин ру моро мебояд аз сулҳу субот ва оромии диёрамон шукрона гўем,  ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бирасем ва тамоми саъю кўшишҳои худро баҳри ба давлати мутараққӣ тадбдил додани Ватани маҳбубамон равона созем.

Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсус Бегиҷонзода М.Б.


Leave a Reply