Мавриди истифода қарор додани бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен

Рӯзи 17 январи соли 2019 дар деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти нави соҳаи маориф Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон, Раиси ноҳияи Спитамен  Акрам Сулаймонзода, устодону хонандагони муассисаи таълимӣ ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия иштирок доштанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки иншооти мазкур бо мақсади иҷрои  Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен оид ба ташкили корҳои ободониву бунёдкорӣ, гулкорию кабудизоркунӣ, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 бо харҷи 917 000 сомонӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории фаъолону саховатмандон бунёд гардида, дар 11 синфхонаи нав хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҷойгир карда мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ноҳияи Спитамен 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 26 610 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Имрӯзҳо дар ноҳия сохтмону бунёди ду мактаби наву замонавӣ бо наздик ба 2 000 ҷойи нишаст идома дорад, ки то фарорасии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад.


Leave a Reply