ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ АЗ ПАЁМ САРЧАШМА МЕГИРАД – Мирзозода Парвиз Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли сеюм аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварамон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моҳи декабр дар охири сол манзур мегардад.

Тавре Президенти мамлакат дар паёми худ иброз намуданд, пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад.

Бинобар ин зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Бо ин мақсад, ба Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро дастур дода шуд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқи дар кишвар буда, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма ва таҳия мегардад.

То ин давра дар ҷумҳурӣ се барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  барои солҳои 2007-2010,  2011-2013,  2015-2017 гузаронида шудааст.

Барномаи ислоҳоти суди-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 бо мақсади идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  дар кишвар, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилият, такмили сохтор ва фаъолияти он, рушди қонунгузории соҳа қабул карда мешавад.

Мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, масъалаҳои такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустакилияти судҳо, баланд бардоштани масъулияти судяҳо ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо, рушди қонунгузории соҳа, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии баландихтисос, иҷрои санадҳои судӣ, ислоҳоти низоми мавҷудаи адвокатура пешбинӣ мешавад.

Барои таъмини иҷрои Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла оид ба ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо, ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судӣ роҳандозӣ гардида, дар ин раванд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Точиҷкистон”, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Инчунин Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” мавриди омӯзиш ва коргарди гурӯҳи кори қарор дошта, дар таҳрири нав бояд қабул ва мавриди амал дода шавад.

Дар натиҷаи рушди босуръати соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа шумораи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сол то сол зиёд шуда истодаанд. Чунин ҳолат боиси афзоиши сарбории судяҳо шуда, барои босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ гардидани парвандаҳо метавонад таъсири манфӣ расонад.

Барои таъмини саривақтии баррасии парвандаҳо, кам кардани сарбории судяҳо ва соддагардонии мурофиаҳои судӣ рушди мурофиаҳои тосудӣ мувофиқи мақсад мебошад. Чунин муносибат тарафҳоро ба созиш меорад ва ба ҳалли тосудии баҳси тарафҳо мусоидат менамояд.

Вобаста ба ин ва бо мақсади ҳалли дигар масъалаҳои фаъолияти судӣ зарур аст, ки қонунгузории мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҷдид гардида, ба онҳо тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Ҳамчунин зарур аст, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ бо мақсади такмили тафтишоти пешакӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Ҷиҳати амали намудани ин ҳадафҳо ба мақсад мувофиқ аст, ки маблағгузории мақомоти судӣ, бо дарназардошти эҳтиёҷоти воқеии судҳо, аз ҷумла талабот ба бино, воситаҳои наклиёт, техникаву таҷҳизоти муосир, музди меҳнат, манзили истиқоматии хизматӣ таъмин карда шавад. Бо ин васила ба мустақилияту беғаразии судяҳо таҳким бахшида мешавад.

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Мирзозода Парвиз


Leave a Reply