Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар ва сохтору вазоратҳо, мақомоти давлатӣ ва ҷомеа гардида, дар натиҷаи амалӣ гаштани онҳо Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Зиндагии аҳолии кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, фазои созандагиву ободкорӣ рӯҳияи ҳар як шаҳрванди мамлакатро фаро гирифта, давра ба давра ҳадафҳои давлат дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ҳифзи аминияти озуқаворӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.


Leave a Reply