Санаи 6-7 декабри соли ҷори Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа –  дар Ҷумҳурии Қирғизистон  дар Форуми Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Таҳдидҳои замони муосир ва дурнамои рушди медиатсия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: қарорҳои институтсионалӣ ва таҷриба” аз санаи 6 то 7 декабри соли 2018 дар якҷоягӣ  бо  корманди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Дар натиҷа, ҳайати гуруҳ бо таҷрибаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи медиатсия” ва фаъолияти медиаторҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия шиносои пайдо намуда, баромади экспертҳои байналмилалӣ дар соҳаи медиатсияро шунида, таҷрибаи татбиқи институти медиатсия дар якчанд давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Аз натиҷаи сафари хизматӣ, гуруҳи корӣ  дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медиатсия» аз таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон вобаста ба таъсис додани “Созмони медиаторҳо” ва таҷрибаи давлатҳои Аврупо вобаста ба истифодаи медиатсия бо парвандаҳои ҷиноятӣ, хусусан парвандаҳо бо иштироки ноболиғон, пешниҳодҳо намуданд.

Сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар якҷояги бо намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзои Комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия” мебошад, анҷом дода шуда, таҷрибаи татбиқи институти медиатсия дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия ва якчанд давлатҳои Аврупо ба маълумоти аъзоёни Комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия” пешниҳод карда мешавад.

 


Leave a Reply