Шанбегӣ дар Суди Олии иқтисодӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ  шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар шанбеги гирду атрофи бинои суд аз баргу хазонҳо ва партовҳо тоза карда шуд. Инчунин баҳри зебову назаррабо нагдонидани назди бино дар боғи назди бино гулҳои мавсими ва ороиши шинонида шуд.

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи бино ва саҳм гузоштан дар ободиву тозаги ва гулгулшукуфон намудани  шаҳри Душанбе, шунин шанбегиҳо ҳар ҳафта гузаронида мешавад..

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply