ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА РАВАНДҲОИ МУОСИРИ РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

8-уми декабри соли 2018 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 70-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ  таҳти мавзӯи “Эъломияи  умумии ҳуқуқи инсон ва равандҳои муосири  рушди  ҳуқуқи  инсон : мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир карда шуд.

Дар кори конференсия муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода Зокирҷон инчунин  олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, кормандони  прокуратура, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия зиёда аз 15 маърўза дар мавзўъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар инкишофи ҳуқуқи инсон, мушкилоти ҳуқуқи инсон дар раванди ҷаҳонишавӣ, 70 соли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи инсон тибқи арзишҳои динӣ-ҳуқуқии исломӣ, таҳлили илмӣ-муқоисавии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва Конститутсияи ҶТ, пайдоиши ҳуқуқҳои нави инсон ва инъикоси онҳо дар қонунгузорӣ, таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба низоми ҳуқуқи миллӣ, амнияти давлат ҳамчун асоси маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инъикоси ҳуқуқи инсон дар сарчашмаҳои нодири таърихӣ-ҳуқуқӣ ва ғ. пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Конференсия кори худро дар се бахш ба роҳ монда, дар он зиёда аз 60 маърўза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли бевосита ва ғоибона пешниҳод гардиданд. Маърўзаҳои мавриди баррасӣ қарор гирифта фарогири масъалаҳои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон буданд.

Зимни баррасии мавзўъҳои зикргардида аз ҷониби олимон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ ироа карда шуд. Қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳкоии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон кардааст. Аз ин рў, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд меҳвари фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаву муассиса, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил диҳад.


Leave a Reply