Ҷамъомад дар Суди Олии иқтисодӣ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М.С., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раисон, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомад ба муносибати натиҷагирӣ аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ вобаста ба иҷрои сифатноки корҳои бунёду навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо, ки дар  маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 29 ноябри соли 2018 баргузор гадид, сурат гирифт.

Аз натиҷаи ҷамъбаст Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷкистон  аз тарафи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои яке аз беҳтарин  иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ, ки пурра баҳри истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакону сокинон ба истифода дода шуда буд, бо Дипломи ҷои 3-юм сарфароз гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Каландарзода Мавлуда қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба роҳбарият, судяҳо  ва дар маҷмӯъ ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти  варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ саҳми ватандӯстонаи хешро гузоштаанд, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон  миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, кт иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатии мазкур дар пайгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд.

Ҳамин тавр, Қаландарзода Мавлуда таъкид намуданд, ки иштирок дар бунёди чунин як иншооти замонавӣ барои ҷавонон як дарси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ баҳри ояндаи неки Тоҷикистони азизамон буда, ишғол намудани чунин ҷои ифтихорӣ боиси сарфарозии кулли кормандони судҳои иқтисодӣ мебошад.

Маркзи матбуоти СОИ ҶТ

.


Leave a Reply