Миллат ва парчам – Ғолиб Дамонзода мутахассиси пешбари Суди Олии иқтисодӣ

Парчамдориву парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аҷдодонамон аз ибтидои тамаддуни башарӣ соҳиби рамзу нишони худ буданд. Дар ин миён Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд. Бозёфтҳои таърихӣ, ҳафриёту навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то замони мо ба мерос расидаанд, далели ҳамин гуфтаҳост.

Ба пайдоиши парчам дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик мутафаккирону адибони зиёде ишора кардаанд, ки муҳимтарини онҳо Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ин мутафаккири барҷастаи тоҷик пайдоиши парчамро ба муборизаи Коваи охднгар алайҳи зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар «Шоҳнома» – и безаволаш, ки яке аз асарҳои ватандӯстию мардонагист, Фирдавсӣ доир ба муборизаи Коваи оҳангар ва қаҳрамониву ватандӯстии ӯ маълумоти муфассал додааст.

Яъне, Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш карда, мардуми ситамдидаро барои мубориза даъват намуд ва халқ низ зери он дирафш ҷамъ омаданд. Кова шӯришгаронро ба назди Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи Пешдодиён буд, овард ва Фаридун дирафшро бо 4 ситораи тилло, сангҳои қиматбаҳо, лентаҳои сурху зард ва бунафш оро дода, номашро Дирафши Ковиёнӣ гузошт. Аз ҳамон замон cap карда, парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул гардид.

Дар асри XX дар баробари Парчами давлати шӯравӣ, Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистин Тоҷикистон низ парафшон буд. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар як ҷумҳурии аъзои онро ме- боист, ки парчами ягонаи худрр қабул кунанд. Ҳамин буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тоза соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардида буд, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 парчами ягонаи худро қабул кард. Он яке аз рамзҳои муҳими давлатдории муосири мо, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои намояндагони тамоми халқҳои муқими Тоҷикистон гардид.

Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои идона ба муносибати ба 15 – умин солгарди қабули Конститутсия соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад. Аз ҳамон сол инҷониб, мардуми шарафманди тоҷик ҳар сол 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар фазоӣ сулҳу вахдати комил ҷашн мегиранд.

Воқеан, Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои давлату мил­лат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди равшанзамири ин Ватани биҳиштосоро зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ, алалхусус Пар­чами давлатӣ эҳтироми зиёд дошта бошанд.

Ғолиб ДАМОНЗОДА, мутахассиси пешбари Суди Олии иқтисодӣ


Leave a Reply