Семинари омӯзишӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар мавзӯи «Таҷрибаи ҳалли баҳсҳо марбут ба замин дар судҳои иқтисодӣ”

Имрӯз дар толори маҷмааи “Малика” воқеъ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  семинари омӯзишӣ дар  мавзӯи «Таҷрибаи ҳалли баҳсҳо  марбут ба замин дар  судҳои иқтисодӣ”  баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш олимон, устодон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ,  доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Исмоилов Шавкат Махмудович, намояндагони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи прокуратураи  вилояти Хатлон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, адвокатҳо ва судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ширкат намуда, вобаста ба мавзуъҳои дар барномаи пешниҳодшуда  баромадҳо намуданд.

Ҳамоишро муовини  раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода Зокирҷон  Тоҳир ҳусни оғоз бахшида иброз намуданд, ки замин ва муносибат ба он ба рушди иҷтимоиёту иқтисодиёти миллӣ таъсири бевосита дорад.

Аз ҷумла,қайд гардид, ки  Суди Олии иќтисодї дар соли равон таҷрибаи баррасии парвандаҳои иқтисодиро доир ба бањсњое, ки аз муносибатњои замин бармеоянд тањлил намуд. Тавре аз омўзиши парвандањо бармеояд, асосан хусусияти бањсњо мавзўњои беэътибор донистани  санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, қатъ гардонидани ҳуқуқи  истифодабарии замин,  ҳифз намудани ҳуқуқи  истифодабарии замин, бањсњои хољагињои дењќонї, бањсњои заминњои чарогоњњои мавсимиро дар бар мегиранд.

Омўзиши ин ќабил парвандањои иќтисодї нишон медиҳад, ки сарфи назар намудани талаботњои санадњои меъёрии њуќуќї, аз љумла, њолатњои ғайримақсаднок бидуни таъиноташон ҷудо намудани заминҳои кишоварзӣ, самараноку оқилона истифода накардани замин аз ҷониби заминистифодабарандагон, муносибати бепарвоёна аз љониби сањмдорони хољагињои дењќонї нисбат ба қитъаи замини якумраи меросї ва дигар омилњо боиси ба миён омадани бањсњои судї гардидаанд.

Ба ғайр аз ин,  ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  вобаста базамин  як қатор тағйироту иловаҳои ҷиддӣ қабул карда шудаанд, ки  омӯзишу тафсири ҳамаҷонибаро тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, бо мақсади татбиқи дуруст ва якхелаи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи  Қарори Пленум низ омода гардида,  муҳокимаи семинари имрӯза шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки семинари омӯзишии имрӯза  дар њамкорї бо Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико(USAID) ва  Лоиҳа оид ба рушди ҳуқуқи истифодабарии замин дар доираи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда дар Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Дар  ҳамоиши мазкур  вобаста ба масъалаҳои асосии  татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқони (фермерӣ), таҷрибаи баррасии парвандаҳои аз муносибатҳои вобаста базамин бармеоянд, тартиби баррасии баҳсҳои  судӣ  доир  ба хориҷ кардани  аъзоёни  хоҷагиҳои деҳқонӣ, ушкилот марбут  ба иҷро  накардани  санадҳои  судӣ оид ба аризаҳои даъво “Дар бораи  бартараф намудани монеагӣ  ҳангоми  истифодабарии  қитъаи замин, тартиби баррасии парвандаҳо  марбут  ба қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин, тартиби  ҷудо намудани  замин  ба шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқӣ, тартиби ҷуброни  зарари заминистифодабаранда, талафи замин, ташаккул ва рушди   институти танзими  гражданӣ ва ҳуқуқии созишҳо оид баҳуқуқи  истифодабарии  қитъаи  замин дар Тоҷикистон    мавриди муҳокима ва барраси қарор гирифтанд. Иштирокчиёни ҳамоиши  мазкур доир ба мавзуҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply