Пешвои миллат- эҳёгари сулҳу ваҳдат! – Қодирзода Абдуҷаббор, муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ

Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ҷанги хонумонсӯз хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо карданд. Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. “Таърих гувох аст,- менависад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, – ки тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борхо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…”

Бояд қайд намуд, ки то баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ вазъи ҷумҳурӣ ниҳоят мураккаб арзёбӣ мешуд. Баъзе нафарон дигар ба ояндаи неки давлатдории тоҷикон боварӣ надоштанд, мардуми азиятдида бошад, орзуи онро доштанд, ки ба кишвар кай сулҳу салоҳ меояд?

Бо чунин орзуву ниятҳои нек шоири зиндаёд Ашур Сафар даҳшати рӯзҳои ҷангро пеши назар оварда, иброз медорад, ки:

    Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?

         Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

         Бар ҷои ҳамин мамлакати сулҳҷудоям,

         Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?

Хушбахтона пас аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ, Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд. Ҳамин буд, ки ӯ аз рӯзи нахустини ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданаш, савганд ёд намуда гуфт: «… Кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард…»

Иқдоми Эмомалӣ Раҳмон  дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хӯрд, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро созанд. Бо ин изҳороти худ Сарвари давлат аз ибтидо дарҳоро барои музокира кушод ва ин заминаи бисёр муҳим барои дар оянда шурӯъ шудани музокироти байни тоҷикон гардид. Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронааш, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки ӯ ҷони худро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуд.

Яке аз солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози гуфтушунидҳо соли 1995 маҳсуб меёбад, ки дар ин сол аввалин бор музокироти сатҳи олӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Пас аз баргаштани ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба Душанбе, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъи даврии Афғонистон дар мулоқот бо хабарнигорон аз хусуси мавқеи гуманистӣ ва ватандӯстона доштани Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда гуфтааст: – «Роҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад, барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад, бо чунин Раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт».

Музокироти бениҳоят душвори дигари сатҳи олӣ зимистони соли 1996, дар яке аз деҳаи дурдасти афғонӣ – Хустдеҳ сурат гирифт, ки дар заминаи он Протокол дар бораи танзими авзои ҳарбию сиёсии минтақаҳои доғ дар 8 банд таҳия ва ба имзо расид. Бо қабули ин санад оташбас барқарор гардид ва нерӯҳои низомии мухолифони собиқ ба мавзеи пештараашон баргаштанд. Президенти Тоҷикистон дар ин музокирот пешниҳод намуд, ки ҷиҳати таъмин ва таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон бояд Комиссияи Оштии Миллӣ таъсис дода шавад ва роҳбари он бояд намояндаи мухолифин бошад. Чунин пешниҳоди ҷасурона дар он давра кори осон набуд. Дар маҷмӯъ, аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногун вохӯриҳо идома ёфтанд ва муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 9 даври музокирот, 6 вохӯрии сарон ва 21 маротиба гуфтушунидҳо анҷом дода шаванд, ки дар натиҷаи онҳо 40 ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба имзо расонида шуд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо тоҷикон ба хубӣ дарк намуданд, ки ҷанги таҳмилӣ бояд фавран қатъ гардад, зеро ин даргирии бародаркуш миллати тоҷикро метавонист аз байн барад ва ба давлатдории тоҷикон хотима бахшад. Бегонагоне, ки ин ҷангро ба сари миллат таҳмил карданд, маҳз таназзулу нобудии давлатдории тоҷиконро мехостанд, аммо ба ин ниятҳои нопоки худ ноил нагардиданд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати бофарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик дар он давраи хеле сахт ва мудҳиш таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якпорча шуд, роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт, аз ақлу фарҳанги азалии хеш истифода намуд, аз роҳи ба тариқи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ даст кашида, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ба хотири таъмини сулҳи сартосарӣ самимона дастгирӣ намуд.

Бо кӯшишу ҷаҳду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи давра ба давраи сулҳи сартосарӣ, таъмини фазои боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои бадбинӣ ва даргириҳои мусаллаҳ, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ намудани баъзе қумондонони саркаш ва дар амал татбиқ намудани созишномаҳои имзошуда, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, Комиссияи Оштии Миллӣ дар шаҳри Душанбе таъсис гардид. Қобили зикр аст, ки Комиссияи Оштии Миллӣ дар раванди таъмини сулҳ ва иҷрои вазифаҳои хеш фаъолияти хеле хуб ва пурсамар нишон дода, ба Ватан содиқона хизмат намуданро собит намуд.

Имзо ва татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеаи мо раванди ваҳдати миллӣ, худогоҳӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ба мисли парчам ва нишонҳои миллӣ, демократикунонӣ, таҳаммулпазирӣ ва гуногунандеширо тақвият бахшид ва сулҳи тоҷиконро пойдор кард. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гашта, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода намуда, худро наҷот медиҳад. Тавре, собиқ Котиби Генералии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан иброз медорад: “Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд”.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба таҷрибаи сулҳоварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо дода, баён менамояд, ки “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳар он чӣ ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои бисёр халқҳо ва кишварҳо намунаи ибрат аст”.

Дар ҳамин радиф Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко низ самимияти худро нисбат ба таҷрибаи сулҳоварии Роҳбари давлати тоҷикон нишон дода, чунин мегӯяд: “Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ – Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. Сиёсати оқилона ва созандаеро, ки ин марди хирад, сиёсатмадори тавоно пеш мебарад, кишварашро аз маҳвшавӣ ҳифз кард ва ба ин сарзамин сулҳу осоиш овард”.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба Сарвари давлат, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз Сарвари давлатро гирифтааст, ҷонибдорӣ аз Пешвои миллат ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, бештар аз худ, боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти Пешвои миллат будан.


Leave a Reply