Мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчами давлатӣ – муаррифгари миллат»

Имрӯз, 23 ноябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашнгириии Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Парчами давлатӣ – муаррифгари миллат» мизи мудаввар доир гардид. Мизи мудавварро муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қодирзода А.С. ифтитоҳ бахшида, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанавор табрик гуфтанд.

Муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ махсусан қайд намуданд, ки Парчам рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор  ва нангу  номус буда, имрӯз ин рисолатро баёнгар аст. Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон муаррифӣ шудааст. Тавре аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, “Арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатдории навин, хоса ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як  шаҳрванд аст, зеро Парчам яке аз рамзҳои  истиқлолият,  ҳастии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад”.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму ирода бо тобиши се ранг ранги сурх-озодию истиқлол, ранги сафед-сулҳу суббот, ранги сабз-ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарин соҳибдавлатӣ бо ҳафт  ситораи  дурахшон бори дигар  аз мавҷудияти  тамаддуни  фарҳанги бостони тоҷикон, пайкори созандагиву  асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои  ватанхоҳию қаҳрамониҳоҳии родмардони сарзаминамон  башорат медиҳад.

Таърих гувоҳи он аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери Парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзуву мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд. Парчами мо низ бо эълон доштани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар баробари дигар  давлатҳои  дунё дар назди бинои ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ – Созмони Милали Мутаҳид  парафшон гардид, ки давлати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Дар ин замина моро мебояд пез аз ҳама ифтихор аз ҳастии кишвари соҳибистиқлол Тоҷикистон ва соҳиби парчами парафшонашон дошта бошем ва дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврас ва ҷавонони кишвар  эҳтиром гузоштан ба ин арзишҳои муқаддаси миллиро  таблиғу ташвиқ намоем.

Ҳамин тавр, муовини якуми Раис аз фурсати муносиб истифода бурда, ба муносибати ин ҷашни фархунда тамоми иштирокчиёни мизи мудаввар, ҳозирини гиромиқадр, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодиро табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо умри дарози бобаракат, саодатмандиву сарбаландӣ ва барору комёбиҳои беназирро орзу намуданд. Таманнои онро намуданд, ки бигзор дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлоли давлати тоҷикон абадан ҷило диҳад.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Нурулло дар мавзўи “Эҳтироми Парчам вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандист”, раиси суди  иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода Зебониссо Файзулло дар мавзӯи “Парчами давлатӣ – муаррифгари миллат“, мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии қонунгузории Суди Олии иқтисодӣ Исломова Насиба дар мавзўи “Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллӣ” баромадҳо намуда, иштирокчиёни  мизи мудаввар вобаста ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо доир намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply