Баромади судяи суди Олии иқтисодӣ Нуруиддини Нурулло дар мавзӯи  “Нақши Конститутсия дар таҳкими адолати иҷтимоӣ”дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам устодон, Ҳозирини гироми,

Пеш аз ҳама, миннатдории худро барои даъват ва фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани чорабинии мазкур, яъне Конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конститутсионй ва ҳуқуқи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба муносибати ҷашни 24- умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст ба ташкилкунандагон роҳбарияти факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллим Тоҷикистон баён менамоям.

Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ба давраи басо душвори таърихи навини тоҷикон рост омад. Халқи тоҷик бори нахуст 6 ноябри соли 1994 тариқи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки он поягузори истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеа мебошад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим ва дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар он соҳибихтиёрй, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Асосгузори сулҳу вахдати миллй – Пешвои миллат Президента мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷашнгирии Рӯзи қабули Конститутсия иброз намуданд, ки “Конститутсия, ки дар асл шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади такдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти миллати мо мебошад, барои ноил шуданамон ба ҳадафҳои бунёдкорию созандагии дар назди мо қарордошта, ки мақсади ниҳоии онҳо эъмори давлати демократй, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимой мебошад, мусоидат мекунад”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин санади такдирсоз, азму ирода ва мақсаду мароми халқи Тоҷикистонро таҷассум намудааст. Дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатй буда, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф шудааст.

Дар Конститутсия арзишҳои олй будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимияти давлатй, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбй, озодии эътиқод, сухан, матбуот, низ таҷассум ёфтаанд.

Конститутсия давлати моро ба сифати давлати ичтимой муайян намуда, онро барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар фард масъул сохтааст.

Дар шароити ҳозира мақсади асосии ҷомеаи навини тоҷикон эъмори давлати демократй, ҳуқуқбунёд, дунявй, иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташакулли ҷомеаи шаҳрвандй мебошад. Дар ин замина Конститутсия ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳқими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши устувор дошта бошад. Мувофиқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Дар замони навин асоси иқтисодиётро маҳз иқтисодиёти бозоргонй ташкил медиҳад ва барои фаъолияти муътадил ва самараноки он, пеш аз ҳама, фаъолияти иқтисодӣ бояд озод

бошад ва минбаъд, ягонагии фазой иқтисодӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон таъмин карда шавад.

Дар ташаккули иқтисоди бозаргонй давлат нақши асосиро иҷро намуда, пеш аз ҳама, қоидаҳои рафтори озоди иқтисодиро бо роҳи қабули қонунҳо, меъёри фаъолияти иштирокчиёни иқтисодӣ ва хоҷагиро муайян менамояд ва ин меъёрҳо ба ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии иқтисоди озод баробар паҳн мегарданд. Инчунин давлат ҳимояи ҳамагуна муносибатҳои бозоргонӣ ва иштирокчиёни онҳоро ба зиммаи худ мегирад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи навро дар таҳия, такмил ва қабули қонунгузорй, аз ҷумла қонунгузории соҳибкорӣ оғоз намуд. Конститутсия бо назардошти дурнамои инкишофи кишвар шаклҳои гуногуни моликиятро ба сифати асоси иқтисодиёти кишвар эътироф намуда, фаъолияти озоди иқтисодй, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқй ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат дод.

Бо қабули Конститутсия нахустин бор дар низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои иқтисодй таъсис ёфтанд. Ин қадами ҷиддӣ ва асосноки давлат оид ба ташкили мақомоти алоҳидаи мустақили ҳокимияти судӣ буд. Чунин икдом тибқи шароитҳои нави иқтисодӣ муайян гардид, ки онҳо ба сифати танзимгари асосии муносибатҳои иқтисодй қонун ва шартномаро муқаррар карда, дар асоси меъёрҳои мурофиавй баҳси байни соҳибкорон, инчунин баҳси соҳибкоронро бо мақомоти давлатӣ ва умуман дигар баҳсҳои иқтисодиро ҳал мекарданд. Зимнан ба тарафҳои баҳскунанда имкониятҳои баробари ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои вайроншуда ё мавриди баҳс қароргирифта таъмин карда шуд, ки вазъи ҳуқуқии онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфт.

Судҳои иқтисодй дар қатори дигар судҳо адолати судиро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодй ба

амал мебароранд. Дар замони ҳозира вусъати бемисли рутттди бахшҳои сиёсӣ, иҷтимой, тамадуну фарҳанги ҷаҳони муосир, шиддатнокии ба вуқӯъ пайвастани ҷараёни глобализатсия, хусусан дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ, инкишофи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байналмилалии соҳибкорӣ ва ҷараёни сармоягузорӣ дар назди судҳои иқтисодӣ вазифа гузоштааст, ки вобаста ба таъмини босуботи фаъолияти низоми судӣ, ба амалбарории адолати судӣ ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Мақсади асосии судҳои иқтисодӣ ин устуворгардонии қонуният ва адолат дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Точикистон, ташаккули эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмини фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Ҳозирини гироми,

Дар охир ҳаминро қайд карданиям,ки мо бояд фаромӯш насозем, ки халқи тоҷик бори аввал дар таърихи давлатдориаш Конститутсия сарнавишти таърихи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардааст. Аз ин рӯ, эҳтироми иродаи халқ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ба илова, мо бояд бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш санади такдирсозро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф намоем. Аз хотир набарорем, ки устувории Конститутсия ин пойдории ҷомеа ва давлат ва устувории ҷомеа ва давлат аз пойдории Конститутсия башорат медиҳад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумо ҳозирини гиромиро бо 24-умин солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба Шумо барору комёбиҳои навро дар фаъолияти рӯзмараатон хоҳонам.

Барои диқататон ташаккур.


Leave a Reply