РОҒУН-КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН! – Ҳамроқулзода Борбад мутахасиси пешбари Суди Олии иқтисодӣ

РОҒУН-КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН!

Ба дил буд орзуи васл садҳо сол Роғунро,

Зи ҳиҷрон қиссаҳо бошад ба шарҳи ҳол Роғунро.

Агарчи буд номаш бар забон, аммо намегуфтанд,

Барои рӯди ҳастӣ чашмаи иқбол Роғунро.

Ба мисли об мерезад зи шамъи дидаву дил нур,

Замину осмон гиранд иқбол Роғунро.

Шуд ин кохи бузурги нур буён аз маводи нанг

Шиносад халқи олам бо чунин амвол Роғунро.

Шавад оҳанги шодӣ оҳ ҳам аз гардиши чархаш ,

Ризо бошад зи толеъ гар бубинӣ фол Роғунро.

Зи партав пар, ки донад дар назар ҳамчун ҳумои бахт,

Ба рӯи китф тобад мурғи зарринбол Роғунро.

Нағунҷад дар тасаввур, посдорон хуб медонанд,

Нишон аз Пешвою даври Истиқлол Роғунро.

Салому дуруди бепоён ҳозирони гиромӣ ва ҳамкасбони азиз! Пеш аз ҳама ҳамаи Шумоёро бо ин рӯзи таърихӣ, ки дар китоби таърихи тоҷикону Тоҷикистониён бо ҳарфҳои заррин саб шудааст, табрику таҳниятҳо мегуям.

Имрӯз барои миллату давлат ва халқи Тоҷикистони азиз рӯзи таърихиву тадқидсоз, рӯзи наҷоти миллат ва эҳёи давлат ба шумор меравад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз тақдир ба тоҷикон ва Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Э.Раҳмонро ҳамчун сарвар ба мардум тақдим намуд. Дар ин рӯз, Иҷлосияи таърихии тақдирсози мамлкат гузаронида шуда, тақдири имрӯзу фардои миллат ҳал карда шуд. Имрӯз аввалин агрегати сохтмоне, ки хишти он нангу номуси миллат мебошад, ба кор шурӯъ намуд.

Мо аз ин фурсати муносиб шукрона намуда, маърузае омода намудем, ки ба таърихи НОБ-и “Роғун” ва аҳамияти стратегии он бахшида шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Э.Раҳмон се ҳадафи стратегии давлатӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикиро роҳандозӣ намуд, ки имрӯз ҳар се стратегияи давлатӣ амалӣ карда шуданд.

Лоиҳаи НБО-и “Роғун” соли 1974 аз ҷониби Институти “Гидропроект”-и Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошкент таҳия гардидааст. Санаи оғози расмии сохтмони он ба санаи 10 июли соли 1972 сабт карда шудааст ва сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи умумииттифоқии “Гидроспетсстрой” Борис Соболев варақаи оғози корро пур кардааст. Платформаи сохтмонии НБО “Роғун” дар баландии 1000 то 1700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Сохтмони иншоот, ки расман соли 1976 оғоз гардида буд то соли 1987 ҷараён дошт. Сохтмони садди он ва бастани маҷрои дарёи Вахш санаи 27 декабри соли 1987 шурӯъ гардида буд.

Аммо бо пош хурдани давлати Шуравӣ ва сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сохтмони он мавқуф гузошта шуд ва танҳо баъд аз соли соҳибихтиёрӣ ба мо муяссар гардид, ки сохтмони онро дубора ба роҳ монем.

Дар ин асос соли 2004 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати алюминии Федератсияи Россия “РусАл” созишнома дар бораи сохтмони НБО “Роғун” баста шуд. Аммо баъди бастани созишнома тарафҳои он роҳҳои самараноки иҷрои созишномаро наёфтанд ва аз ин сабаб соли 2007 созишномаи мазкур қатъ карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди бекор кардани созишномаи мазкур тасмим гирифт, ки сохтмони иншооти бузурги аср – НБО-и “Роғун”-ро бо қувваи худ бунёд мекунад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 феврали соли 2009 “Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ-обӣ дар давоми солҳои 2009-2020” қабул карда шуд ва ҳуҷҷати мазкур барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” такони бузург дод.

Бо ин мақсад, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон, муҳтарам Э.Раҳмон ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат намуда, қайд намуданд, ки “ба ҳар кадоми шумо – падарону модарони азиз, бародарону хоҳарон ва фарзандони меҳрубон, муроҷиат карда, мегӯям: Миллати азизу тоҷдори ман! Имрӯз вақти исбот кардани тоҷдориат расидааст! Миллати арҷманду сарбаланди ман! Имрӯз замони нишон додани нангу номус ва ғайрату ҳиммат фаро расидааст! Миллати ҳимматбаланду номдори ман! Ҳоло фурсати ҳифзи номи некат омадааст!”

Маҳз чунин суханони арзишманди фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки миллати тоҷик имрӯз ба ҷаҳониён исбот карда тавонист, ки тоҷикон дорои нангу номус, ғайрату ҳиммат ва Сарвари донову одилу хирадманд мебошанд.

Новобаста аз он, ки иқдоми дубора бунёд намудани неругоҳ бо мухолифатҳои шадид рӯ ба рӯ шуд, бо дарки аҳамияти муҳими ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ва дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзиву дастаҷамъона бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат НБО-и “Роғун” сохта шуда, аввалин агрегати он имрӯз ба истифода дода шуд.

Маҳз ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, қавииродагиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати халқу Ватани Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Э.Раҳмон буд, ки имрӯз ба халқи Тоҷикистон муяссар гардид то аввалин чархи тақдирсози имрӯзу фардои миллат ба кор шурӯъ намояд.

НБО  «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. НБО «Роғун» аз 6 чарха иборат буда, иқтидори ҳар кадомаш 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр мебошад, ки дар ҷаҳон ҳамто надошта бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.

Корнамоиҳо, вохӯриҳо ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Э.Раҳмон ба мардум ва сохтмончиёни НБО “Роғун” илҳоми нав мебахшад. Чунончӣ ду сол муқаддам,  29 октябри  соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан  бо идора кардани техникаи вазнин-  булдозер дар зарфи якуним соат  бо сангу  шағал маҷрои рӯди Вахшро  бастанд ва ба бунёди сарбанди НБО «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд, ки ин барои софдилона, бовиҷдонона ва хирадмандона иҷро намудани вазифаҳои хизматии сохтмончиёни НБО «Роғун» такони бузург дод.

Аҳамияти стратегии НБО «Роғун»-ро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон дарк намуда, иброз намуда буданд, ки “Роғун – воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад!”

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ифтихорманд бошад, ки саҳми худро дар эъмори НБО “Роғун” ба тариқи хариди саҳмияҳо гузоштааст. Доир ба ин амали ҷавонмардонаи ҳамватанонамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Э.Раҳмон чунин қайд намуда буданд: “Бори дигар ба мардуми шарафманд, сарбаланд ва мушкилнописанди Тоҷикистон барои пуштибонӣ ва ҳамовозӣ бо муроҷиатномаи Сарвари давлат доир ба дастгирии моддиву маънавии сохтмони НБО “Роғун” миннатдории самимии худро иброз менамоям. Зеро дастгирии молиявии НБО “Роғун” кори ватандӯстонаи ҳар фарди бонангу номус ва саҳми дурандешонаи мардуми Тоҷикистон барои ояндаи худ ва фарзандону набераҳояш мебошад”.

Дар ин рӯзи шариф, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба истифода дода шудани агрегати аввали НБО “Роғун” ин як ҳадяи фаромушнашавандаи бинокорони неругоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – меъмори асосии НБО “Роғун” муҳтарам Э.Раҳмон мебошад.

Бинобар ин, бори дигар Шумо ва тамоми сокинони кишварро бо рӯзи фатҳи қуллаҳои мурод ва рӯзи фатҳкунандаи қуллаи муроди миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳниятҳо гуфта, ба ҳар яки Шумо хонаи обод, рузгори осуда, сулҳу субот ва тамоми хушиҳои зиндагониро таманно мекунам. Бигзор нурҳои ҳаётбахш ва равшанкунандаи ҳар як хонадон асрҳои аср пойдор монда, шаъну шараф ва нангу номуси бунёдкоронаи миллати тоҷик ва Сарвари онро ба тамоми оламиён муаррифгар бошад. Худо кунад, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон абадан ҷило диҳад! Бори дигар ин рӯзи таърихӣ муборак бошад ҳамватанони азиз!!!

Мутахассиси пешбар   Ҳамроқулзода Б.А


Leave a Reply