«Пешвои муаззами миллат –Бунёдгузори кохи нур» – мавзӯи имрузаи мизи мудаввар қарор гирифт

Имрӯз, 16 ноябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашнгириии Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани чархаи аввали Неругоҳи барқӣ обии “Роғун” дар мавзўи «Пешвои муаззами миллат –Бунёдгузори кохи нур» мизи мудаввар доир гардид. Мизи мудавварро муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қодирзода Абдуҷаббор ифтитоҳ бахшида, таъкид доштанд, ки таърих гувоҳ аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори шикастаруҳии мардуми азияткашидаи мо, тақдир баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи саодат ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани халқ пайки наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифта, дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуд.    

Махсусан қайд карда шуд, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сарвари давлат, ҳамчунин як нафари асосии наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд. Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз Сарвари давлатро гирифтааст, ҷонибдорӣ аз Пешвои миллат ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, бештар аз худ, боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти Пешвои миллат будан.

Ба кор даромадани агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқӣ обии “Роғун” дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб нест, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори бевоситаи ин сохтмони бузурги аср буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ ҷаҳду талошҳои бесобиқа кардаанд, ки бунёди ин иншооти азим  ормони чандинсолаи халқи тоҷик аст.Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин рў Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург дар қаламрави кишварамон ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Бунёди ин Кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боиси таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.

Ҳамин тавр, муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, ба муносибати Рӯзи Президент ва Рӯзи рушноӣ тамоми мардуми шарафманди халқи тоҷик, ҳозирини гиромиқадр, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодиро табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо умри дарози бобаракат, саодатмандиву сарбаландӣ ва барору комёбиҳои беназирро орзу намуда, таманно карданд, ки бигзор дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон абадан ҷило диҳад.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Эраҷ Сифот дар мавзӯи “Пешвои миллат- ифтихори миллат”, судяи Суди  иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Баҳриддин дар мавзӯи “Роғун бузургтарин иншооти аср” ва мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодӣ Ҳамроқулзода Борбад дар мавзӯи “Роғун – Кохи нури Тоҷикистон” баромадҳо намуда, иштирокчиёни  мизи мудаввар вобаста ба мавзуҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо доир намуданд.


Leave a Reply