РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ МУБОРАК – Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Эмомализода Навруз

Истилоҳи Президент аз калимаҳои лотинӣ “prae” ва “sidens” “praesidentis” гирифта шуда, маънои таҳтуллафзии он аз пеш нишаста, шахсе, ки аз дигарон пештар ё болотар нишастааст ва онро чун истилоҳи “Раис” ба забони тоҷикӣ тарҷума кардан мумкин аст. Президент дар замони империяи Рим онҳоеро меномиданд, ки ҷаласаҳои гуногунро раисӣ мекарданд.

Падидаи Президент дар Тоҷикистон таърихи тулонӣ надошта бошад ҳам, таърихи 27 соли истиқлолиятамон ба фаъолияти Президентони кишвар алоқамандии зиёд дорад. Қайд намудан зарур аст, ки падидаи Президентӣ – хоси шакли идораи ҷумҳурӣ аст. Танҳо дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ президент вуҷуд дорад ва он мансаби интихобӣ аст.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст. Аз рӯи доктринае, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ вуҷуд дорад, Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷои аввалро ишғол мекунад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ намояндаи Олии давлат ба шумор меравад. Далели гуфтаҳои мо дар фасли 1 Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016 №737 тасдиқ шудааст, аз низоми мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойи аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад.

Бунёди мансаби Президентӣ ба ниҳодҳои давлатдории Тоҷикистон санаи 29 ноябри соли 1990 тибқи қонун қайд гардида, 30 ноябри соли 1990 аввалин Президенти Тоҷикистон – Қаҳҳор Маҳкамовро – Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб кард. Дар муддати кутоҳ, Президенти аввалин ба истеъфо рафта, минбаъд – Қадриддин Аслонов, Раҳмон Набиев, Акбаршо Искандаров  иҷрокунандагони ин мансаб буданд, вале муҳлати роҳбарии онҳо кутоҳ буд. Аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тариқи овоздиҳии мустақим дар интихобот санаи 24 ноябри соли 1991 интихоб гардид, Раҳмон Набиев буд, аммо дар натиҷаи воқеаю ҳодисаҳои сиёсӣ ба истеъфо рафта, минбаъд то ҷаласаи сессияи XVI  аз 7 сентябри соли 1992 то 19 ноябри соли 1992  боз ин мансабро иҷрокунандаи вазифа ба зимма гирифт. Аз соли 1992 то 1994 ваколатҳои Президентро Раиси Шӯрои Олӣ иҷро мекард. Санаи 6 ноябри соли 1994 дар ҷумҳурӣ ду маъракаи муҳими сиёсӣ, қабули Конститутсия ва интихоботи Президент баргузор шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқи шарифи тоҷик интихоб гардидаанд.

Салоҳиятҳои сарвар таъсис, идораи мақсаднок ва рушди давлатро таъмин кардан аст. Давоми зиёда аз 24 соли Президентии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аён аст, ки аз уҳдаи салоҳиятҳояшон ба хубӣ баромадаанд.

Дар ҷараёни идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба тараққӣ, орому осуда, ободу зебо ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҷаҳонӣ эътироф ва шинохта шудааст. Мутобиқи тағйирот ба ҚҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” аз санаи 14 майи соли 2016, № 1320 ба сархати ҳафтоду якум “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр” илова карда шудааст. Бинобар ин, мо бояд ин рӯзро ҳамасола ботантана ва дар сатҳи Олӣ ҷашн гирем. Аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи худ тамоми халқи тоҷикро ба ин рӯзи фархунда табрик карда, ба кулли ҳамватанон дар идомаи зиндагиашон умри дароз, тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам ва дар корҳои ояндаашон комёбиҳоро таманно дорам.

 

Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон    Эмомализода Наврӯз Эмомалӣ


Leave a Reply