Пешвои миллат – ифтихор ва саодати ҷавонон – Исломова Насиба Азимовна корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,

Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.

Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнабӣ, аммо,

Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ, ту меарзӣ.

Ниҳонӣ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик  барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ, насли ҷавону ояндасози ҷомеа хизмати басо бузурге кардааст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори шикастаруҳии мардуми азияткашидаи мо, тақдир баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ пайки наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифта, дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуд. Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули Пешвои муаззами миллат оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷик бо ҳама шуҳрату шаҳомат падидор гардида, ба ин восита қадаме ба сӯи ояндаи нек ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян менамояд.

Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшид, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузошт, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурд ва шаклҳои навини фаъолияти ҷавонони ҳамқадами замонро роҳандозӣ намуд.

Дар даврони истиқлолияти миллӣ таҳкими сиёсати давлатӣ дар бахши ҷавонон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад. Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Пешвои миллат дар самти дастгирии сиёсати ҷавонон бисёр беназир аст. Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат зикр менамояд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозанд, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем. Яъне, имрӯз барои мо ҷавонон, иштирок ва фаъолият дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Аз мо танҳо донишу малака, пос доштани анъанаҳои неки миллати хеш, навовариҳои муосир, фаъолият бо дасту дили гарм, хизмати содиқона ба Ватан талаб карда мешавад. Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.

Мо ҷавонон бо ифтихор ва саодат ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, бо масъулият ва ақлу заковати хеш баҳри рушду нумӯи сарзамини маҳбубамон кӯшиш менамоем, то Тоҷикистони азизи мо боз ҳам зеботару ободтар, пешрафтаву равшантар ва фарҳангсолору сулҳпарвар бошад.

 

Исломова Насиба Азимовна

корманди дастгоҳи Суди Олии

иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Leave a Reply