Шанбегӣ дар Суди Олии иқтисодӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ бо ҳамроҳии иҷрочиёни хадамоти иҷро дар Суди Олии иқтисодӣ шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар шанбеги гирду атрофи бинои суд аз баргу хазонҳо ва партовҳо тоза карда шуд, ки мақсад тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи бино инчунин шаҳри Душанбе мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки шанбегиҳо  баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар Суди Олии иқтисодӣ нақшаи дохилиидорави амал мекунад ки мувофиқи он ҳар рӯзҳои шанбе бо ҷалби кормандон шанбегӣ гузаронида мешавад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

 


Leave a Reply