Иштирок ва баромади кормандони Суди Олии иқтисодӣ дар чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 ноябри соли 2018 кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дамонзода Ғолиб, Исломова Насиба ва Гулмаҳмадова Мавзуна дар Чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи Академик М.Осимӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии қонунҳо – Исломова Насиба бо маърӯза дар мавзӯи “Конститутсия – асоси таъмини адолати иҷтимоӣ” баромад намуда, қайд намуд, ки нақши суд дар Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ шуда, дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Маҳз Конститутсияи кишвар риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод, бо дарназардошти он, ки дар давлати демократӣ нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат муҳим мебошад. Дар чорабинии мазкур аз тарафи иштирокчиён ба кормандони Суди Олии иқтисодӣ саволҳо дода шуда, суҳбат дар фазои ором бо гирифтани ҷавобу посухҳои муайян фарҷом гардид.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ тамоми иштирокчиёнро бо Рӯзи фархундаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз доштанд, ки вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо тоҷикистониён ин аст, ки меъёрҳои Конститутсияро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватани азизамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу ин дастоварди бебаҳои таърихӣ, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастааст, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем, зеро он орзую ормонҳое, ки халқи Тоҷикистон дар сина мепарварад, бе таъмини риояи Конститутсия, адолату ҳақиқат ва қонуну қонуният имконнопазир аст.

Иштирок дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тарғибу ташвиқи қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муқаддасу муқаддами кормандони судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.


Leave a Reply