Конститутсия санади муҳими таърихӣ – Ғолиб ДАМОНЗОДА, корманди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия, ки дар худ орзуву ормони чандинасраи халқи моро бахри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувори соҳибихтиёрй, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, суботи сиёси, таъсиси низоми самарбахши макомоти ҲОКИМИЯТИ давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад

Бо қабули ин санади олии ҳуқуқӣ давра ба давра ислоҳоти ҳукуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар амалӣ шуда, бинобар татбиқи бомароми ҳадафҳои созандаи пешгирифтаи давлат дар як муддати кӯтоҳ рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин ва сатҳу сифати зиндагӣ тадриҷан баланд гардид. Яъне, дар асоси ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми қонунгузории кишвар тавассути қабули қонунҳои муҳими ба талаботи замони нав ҷавобгӯ такмил шуда, муқаррароти онҳо ба Конститутсия мутобиқ гардонда шуданд. Дар зимн, принсипи конститутсионии волоияти Конститутсия ва таъмини амали бевоситаи меъёрҳои он таъмин гардида, барои дар рӯҳияи эҳтирому риояи қонун рушду такомул ёфтани ҳар фарди ҷомеа заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам омад. Ҳамин аст, ки бо назардошти омилҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии инкишофи давлату ҷомеа, тақвияти заминаҳои бунёдии вахдату суботи сиёсӣ дар мамлакат, талаботи муносибатҳои ҷамъиятии рушдёбанда, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва дигар омилҳои муҳим дар асо­си ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар фазой озоду демократӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Меъёрҳои Конститутсия эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шахсро тақозо менамоянд. Вобаста ба ин, дар боби дуюми мрддаи 14 Конститутсия омадааст; «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳоӣ ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд».

Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуд. Дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфта, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандони кишвар дар назди қонун ва суд баробар буда, ҳақ доранд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонашон иштирок намоянд. Шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Қобили таъкид аст, ки ин санади олии ҳуқуқӣ муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро ба куллӣ тағйир дода, арзишҳои умумибашариро ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дав­лати ҳуқуқбунёду демократӣ эътироф гардидааст. Зеро Конститутсия бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ карда, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатй эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатй эътироф намуд. Аз ин рӯ, таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими таърихӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд

Ғолиб ДАМОНЗОДА, корманди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бознашр аз рузномаи “Ҷумҳурият”


Leave a Reply