«Конститутсия кафили таъмини адолати судӣ» баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

5 ноябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, инчунин инчрочиёни хадамоти иҷро дар Суди Олии иқтисодӣ ба муносибати ҷашнгирии 24 солагии Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия кафили таъмини адолати судӣ» мизи мудаввар доир гардид. Мизи мудавварро  муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т. оғоз намуда қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди барҳамёбии сохтори давлатии шӯравӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр ташкил ёфт. Заминаи сиёсӣ-ҳуқуқии ташаккулёбии марҳилаи моҳиятан ва сифатан нави рушди Тоҷикистон  Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Асоси ҳуқуқии чунин таѓйироти куллӣ дар сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии Тоҷикистон Конститутсияи соли 1994 ва санадҳои ҳуқуқие мебошанд, ки дар заминаи он қабул гардидаанд. Конститутсияи мазкур шакли ҷумҳурии давлатро муайян, ягонагӣ ва тарзи президентии идораи онро муқаррар намуд. Ҳамчунин моҳияти давлатро демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ эълон кард.

Ҳамаи ин арзишҳо дар марҳалаи ташаккулёбии давлатдории милли тоҷикон мазмуни хоса доранд. Дарки моҳият, эътирофи муқаддасот ва ҳифзи ин арзишҳо вазифаи муҳими  ҷамъият, давлат ва ҳар як фарди ҷумҳурӣ мебошад. Раъйпурсии умумихалқии солҳои 1999, 2003 ва 2016 оид ба дохил кардани таѓйироту иловаҳо ба Конститутсия мазмуни онро ба талаботи замон наздик гардонид. Танзими ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифзи тартибот, таъмини бехатарии давлатӣ ва амнияти мардум вазифаи муҳими давлатӣ мебошад. барои таъмини иҷрои ин вазифа ҳокимияти давлатӣ мувофиқи моддаи 9 Конститутсия ба се рукни нисбатан мустақил ба қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ҷудо карда шудааст.

Мутобиқи моддаи 84 Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори нахуст дар низоми судҳои ҷумҳурӣ,  судҳои иқтисодӣ дар сатҳи Конститутсия ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ инъикос гардида, дар заминаи муқаррароти Конститутсияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 судҳои иқтисодӣ таъсис дода шуданд, ки судҳои иқтисодӣ дар ин муддат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, ба стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи давлатҳои пешрафтаи дунё мувофиқ шудааст.

Судҳои иқтисодӣ дар заминаи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) оид ба баҳсҳои иқтисодиро ҳаллу фасл намуда, адолати судиро дар ин самт таъмин карда истодаанд.

Таҳлилҳои оморӣ собит месозанд, ки муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ба судҳои иқтисодӣ сол то сол зиёд мегарданд.

Ин омилҳо шаҳодати он аст, ки боварии мардум ба ҳокимияти судӣ , ки фаъолияти худро танҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуда, адолати иҷтимоиро барқарор менамоянд, афзудааст.

Ҳамин тавр, муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, дар арафаи ҷашнгирии ин рӯзи муборак тамоми мардуми шарафманди халқи тоҷик, ҳозирини гиромиқадр, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодиро табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо умри дарози бобаракат, саодатмандиву сарбаландӣ ва барору комёбиҳои беназирро орзу намуданд.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода Зулфия дар мавзӯи “Конститутсия кафили таъмини адолати судӣ” ва муовини сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳ, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодӣ Самадзода Б. дар мавзӯи “Конститутсия роҳнамои мо” баромадҳо намуда, иштирокчиёни  мизи мудаввар вобаста ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо доир намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply