Шанбегиҳо идома дорад

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва  шанбегиҳо инчунин мувофиқи нақшаи дохилиидоравӣ оид ба гузаронидани шанбегиҳо дар Суди Олии  иқтисодӣ, шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ, ки бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ гузаронида шуд, гирду атроф ва боғи назди бинои Суди Олии иқтисодиро аз баргу хазонҳо тоза намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба ҷашни «Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» инчунин тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Душанбе хусусан гирду атрофи бинои суд дар рузҳои шанбе бо ҷалби роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисодӣ шанбегӣ ва корҳои тозагию ободои гузаронида мешавад.


Leave a Reply