Идомаи корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Спинамен

Имрӯз ар идомаи сафар муҳтарам Қаландарзода Мавлуда ва Қаҳҳорзода Ҷамшед ба ноҳияи Спитамен баҳри шиносои пайдо намудан аз рафти корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ ба ноҳияи Спитамен сафар карданд.

Ёдрас мешавем, ки корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Спитамен бомаром идома дорад ва тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти №АП-1059 аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ муайян гардидаанд.

Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди зиёда аз 300 иншооти мухталиф дар назар дошта шуда, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии “Маҳтоб”, бинои маъмурии ҶДММ “Гули Сурх Континент”, комплекси меҳмонхона ва хизматрасонии маишии “Судайс” бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ ва ҳаммом, маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии “Райҳона”, ду толори варзишии замонавӣ ва майдончаи варзишии бачагона дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол, пули мошингузар дар деҳаи Куркати Ҷамоати деҳоти Куруш, бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳия, бинои хизматрасонии Маркази тиббии дандонпизишкӣ ва хуҷраҳои гиёҳдармонӣ, хонаи муолиҷа, хонаи безараргардонӣ, хонаи ортопедӣ, хуҷраи хатна, ошхонаи замонавии «Дӯстӣ» дар Ҷамоати деҳоти Тағояк, чойхонаи «Ҳоҷӣ Норбек» дар Ҷамоати деҳоти Куруш ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 2,5 км роҳи автомобилгарди шаҳраки Навкат ва деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев ба анҷом расонида шуданд.

Дар рафти сафар Қаландарзода Мавлуда аз рафти корҳо дар иншоотҳои номбуршуда шиносои пайдо намуданд

Маркази матбуоти СОИ ҶИ


Leave a Reply