Сафари кории Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда ба вилояти Суғд

Имрӯз Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда бо роҳбари Дастгоҳи суди Олии иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷамшед бо мақсади муҳокимаи натиҷаи расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти суди иқтисодии вилояти Суғд, ки рузҳои 17-20 октябри соли 2018 аз тарафи роҳбарият ва судяҳои Суди Олии иқтисодӣ гузаронида шуда буд, инчунин иҷроиши нақшаи кории Суди Олии иқтисодӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 ва қарори Раёсат оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018, ба шаҳри Хуҷанд сафари корӣ анҷом доданд.

Дар шаҳри хуҷанд Қаландарзода Мавлуда дар Суди иқтисодии вилояти суғд бо роҳбарият, судяҳо ва кормандони суди иқтисодии вилояти суғд вохӯрӣ барпо намуданд.

Дар вохӯрӣ нахуст маълумотномаи натиҷаи расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши гурӯҳи корӣ, ки рузҳои 17-20 октябри соли 2018 гузаронида шуда буд мавриди муҳокима қарор гирифт. Раиси суди Олии иқтисоди ба роҳбарияти суди иқтисодии вилоят баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.

Аз натиҷаи сафар маълумоти мухтасар пешниҳод мегардад

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply