“Зани тоҷик дар даврони истиқлолият” – Исломова Насиба корманди Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон

“Зани тоҷик дар даврони истиқлолият”

Яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ ин бунёди давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Бунёди давлати ичтимоӣ ва ба хар фарди чомеа муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ баробарҳуқуқии ҳар як аъзои комилҳуқуқи чамъиятро тақозо менамояд. Маҳз дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ гардидани баробарҳуқуқии тамоми одамон сарфи назар аз миллат, нажод ва ҷинс бобати амалӣ гаштани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат мусоидат менамояд. Мувофиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт. Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, 27 декабри соли 1993 Конвенсияҳои байналмилалӣ «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон» ва «Хуқуқҳои сиёсии занон»-ро эътироф ва тасдиқ кард.

Бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои хоси фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати давлатӣ баҳри беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занон ба миён гузошта шуд. Соли 1998 бо Қарори Ҳукумат «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардида, барномаҳои давлатӣ диор ба “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “ Тарбия, интихоб, ва ҷо ба ҷо намудани кадрҳои роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби духтарони лаёқатманд”, “Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардиданд.

Санади тақдирсоз дар таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву идоракунии давлат ин Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 мебошад, ки он дар арсаи ҷаҳонӣ дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар таъкид месозад. Фармони мазкур такони азиме ба мафкураи пас аз ҷангии халқи тоҷик бахшид, зеро акнун нигоҳи мардум ба таълим гирифтани духтарон, ба синни муқарраркардаи  никоҳӣ,  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон дигар шуд. Теъдоди ҷалби духтарону занон ба таълиму тарбия, омӯзиши касбу ҳунар ва идоракунии давлативу сиёсӣ афзун гардид.

Ҷиҳати таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ, ки бевосита дар Конститутсия ЧТ, қонунҳои конститутсионӣ, Кодекси гражданӣ, оилави, чиноятӣ, меҳнатӣ,манзил ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  инъикос ёфтаанд, махсусан соли 2005 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” қабул гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар ин радиф бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид. Барномаву қонунҳои қабулшуда баҳри баланд бардоштани мақоми занон, таъмини пурраи солимии модару кӯдак равона гашта,дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Бояд тазаккур дод, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 22 декабри соли 2017 баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зан дар ҷомеа, иштироки фаъолона дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарони болаёқат, таъмини сиҳатии генофонди миллӣ ва фаъол гардонии мақоми зан дар таҳкими асосҳои ахлоқии ҷомеа Ҳукуматро вазифадор сохтанд, ки дар давоми соли 2018 110 ҳазор ҷойи кори доимӣ, бахусус барои занону ҷавонон таъсис дода шавад. Бо мақсади таъмини иҷрои стратегияи давлатӣ ва нақшаи миллии амалҳо дар ин самт аз ҷониби  мақомотҳои идоракуниии давлатӣ тадбирҳои самарабахш амалӣ шуда истодаанд. Шумораи занон дар идоракунии давлатӣ, алалхусус дар низоми судҳои иқтисодии Чумҳурӣ беш аз пеш меафзояд.Чунончи имрӯз аз шумораи умумии кормандони судхои иқтисодии Ҷумҳурӣ  25%-ро бо назардошти ҳайати роҳбарикунанда занон ташкил медиҳанд.

Имрӯз зан – модари тоҷик агар бо як даст гаҳвора чумбонаду муқаддасоти оиларо нигоҳ дорад, бо дасти дигар рисолаи илмӣ менависад, кори идораро дар хама самтхои ҷомеа пеш мебарад, вазифаҳои роҳбарикунандаро бар дӯш дорад ва пешбарандаи сиёсати сулҳпарваронаи давлату Ҳукумат буда, баҳри ободӣ ва арзишҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми беандоза дорад, яъне шиори пешбарандаи занони даврони истиқлолият ин шоҳгуфтаҳои бедорибарангези Пешвои муаззами миллат мебошад, ки ҳанӯз соли 1997 дар нахустин Форуми бонувони кишвар садо дода буд: “Бонувони тоҷик аз уҳдаи ҳамаи вазифаҳо бо сарбаландӣ баромада метавонанд!”.

Дар тӯли 27 сол кишвари мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт ва тавонист бо барқарор намудани муносибатҳои судманд бо кишварҳои дунё мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад.

Истиқлолият барои зани тоҷик шароити хубе фароҳам овард, то илму дониш омӯзаду сазовори зиндагии арзанда гардад. Ташаббус ва талошҳои сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар имкон дод, то мо – бонувони тоҷик имрӯзҳо озод кору фаъолият барему ба дастовардҳо ноил гардем.

Имсол дар кишвари мо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ин иқдом имкониятҳои васеи ба амалбарорӣ ва эҳёи ҳунарҳои аҷдодии аз қадимулайём ба зани чирадасти тоҷик табиатан хосро таъмин намуд, ки бо як қатор барномаҳои давлатӣ мавриди дастгирӣ гардида, ҳазорон занон ба марказҳои касбомӯзӣ ҷалб шуда, соҳиби ҷои кору даромад гаштаанд, ки бевосита ин иқдом ба вазъи мусбии иқтисодии ҳар як оила аз шарофати истиқлолият дарак медиҳад.

Аз ин рӯ, мо занон ва ҷавондухтарон бо ҳисси баланди миллӣ, ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ аз истиқлолияти давлатӣ шукрона карда, ҷавобан ба ғамхории Пешвои муаззами  миллат тарбияи фарзандони солиму равшанфикр, пос доштани анъанаҳои дурусти миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, риояи қонуният ва адолати иҷтимоиро баҳри ояндаи дурахшони Точикистони азизамон  вазифаи ҷонии худ қарор медиҳем.

Исломова Насиба корманди Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон

Бознашр аз Рузномаи “Паёми Душанбе” 


Leave a Reply