Ҷамъомади кормандони судҳои иқтисодӣ вобаста ба Рӯзи кормандони макомоти судӣ

Имрӯз  дар идомаи мизи мудаввар дар маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ҷамъомади кормандони судҳои иқтисодӣ вобаста ба ҷашни Рӯзи кормандони макомоти судӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад ки бо иштироки роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор гардид  Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда баромад намуданд.

Қаландарзода Мавлуда. қайд намудан, ки   имрӯз 26 октябр   мувофиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  рузҳои ид”  Рӯзи  кормандони мақомоти  судҳо таҷлил мегардад.

Ҳамчунин  иброз доштанд, ки дастрасии адлу адолат ба халқ аз роҳу равиши мухталиф ва ба василаи фаъолияти мақомоти гуногуни ҳокимияти  давлатӣ сурат мегирад. Дар миёни ин ҳама  мақомоти давлатӣ, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифати аслу ҷавҳари адлу адолат таъмин менамояд, нақш ва мавқеи мақомоти  судӣ муҳиму назаррас аст.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  баромади худ чунин иброз доштанд:  «Дар татбиқи амалии адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, ки ҷавҳари низоми демократӣ мебошад, нақши ҳокимияти судӣ бисёр бузург аст”…

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар ташаккулёбии муносибатҳои  ҷамъиятӣ ва шаклҳои давлатдорӣ  ҳифз ва риояи   ҳуқуқу озодиҳои инсон   меҳвари асосиии  фаъолияти  қувваҳои солимафкор ва пешбурди соҳаҳои мухталии  ҷомеаро таҷассум мекард. 

Таърихи давлатдории тоҷикон  собит  сохт, ки  ҳанӯз дар дунёи қадим, дар ҳазораи II-и пеш аз мелод ҳокимияти судӣ  вуҷуд дошт, аз ҷумла, дар тамаддуни Зардуштӣ мурофиаи хоси ҳалли баҳсҳо мавҷуд буд, ки онро «Суди илоҳӣ» номида, китоби муқаддаси дини Зардуштӣ «Авесто» доир ба 33 тарзи тартиби ошкор сохтану ҷазо, додани қонунвайронкунандагонро маълум намудааст.

Аз сарчашмаҳои таърихии  давлатдории Сомониён адолати судӣ таввасути девони қозӣ амалӣ  гардида, қозӣ бошад аз ҷониби амир вобаста ба баррасии баҳсҳои ҳуқуқӣ ва шаръӣ таъин мегардид.

Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр соли 1920 Республикаи Халқии Советии Бухоро бо қарори худ судҳои қозигии то инқилобиро барҳам дода, таъсиси судҳои советии халқӣ ва судҳои козигии халқиро эълон намуда, онҳо ба нозири адлияи Республикаи Халқии Шӯравии Бухоро тобеъ карда шуданд.

Минбаъд, Иҷлосияи дуюми КИМ Умумироссиягӣ карори Кумитаи иҷроияи Марказии РАСС Туркистонро дар бораи таксимоти миллӣ – давлатӣ тасдиқ гардида, Республикаи автономии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барпо ва дар ин замина суди округи Бухорои шарқӣ таъсис ёфт.

Соли 1927 бо қарори КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олии ҶШС Ӯзбекистон ва ҳамаи судҳои округӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ барҳам дода шуданд. Сарсуди ҶМШС Тоҷикистон ва дар вилоятҳо намояндагони Сарсуд таъсис ёфтанд.

Бо қарори КИМ ҶМШС Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 1929  Суди Олии ҶСШ Тоҷикистон таъсис ёфта. Дар такя ба ин манбаъ дар қонунгузории кишвар рӯзи 26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ низ муқаррар карда шудааст.

Бо амри тақдир ва бар асари таҳавуллоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид.

Давраи Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави таърихии ҳокимияти судии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он аз ислоҳоти конститутсионӣ маншаъ мегирад.

Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи  давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати конуни олии кишвар бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки тибқи он ҳокимияти давлатй дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки  қабули  Конститутсия ба ислоҳоти сулӣ дар кишвар замина  гузошт. Ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Дар ин замина нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфтанд.

Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 84-уми Конститутсия: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои ви- лоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд».

Дар  фарҷоми баромад Раиси Суди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода М. қйд намуданд, ки  бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа торафт таҳким ёфта, суд  вазифаи муҳими давлатро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо таъмин менамояд ва баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад.

Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятноке мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст. Бобати дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани ин вазифаҳо  Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода М.С. иштирокдорон ва кулли кормандони  судҳои ҷумҳуриро сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти барқарорсозии адолати иҷтимоиву шукуфонии Ватани маҳбубамон барору комёбӣ орзу намуданд.

Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятноке мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст. Бобати дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани ин вазифаҳо  Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода М.С. ба иштирокдорон ва кулли кормандони  судҳои ҷумҳурӣ сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти барқарорсозии адолати иҷтимоиву шукуфонии Ватани маҳбубамон барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар охир ҷамъомад чорабини хурди фарҳанги аз ҷониби кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисоди баҳри болидаруҳии иштирокчиён, ҳамчун тӯҳфа бахшида ба Рӯзӣ кормандони мақомоти судӣ пешниҳод гардид.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply