26 – октябр Рӯзи кормандони макомоти судӣ


Бо камоли эҳтиром Шуморо бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти судӣ табрику таҳният менамоем.

Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа то рафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо таъмин менамояд ва баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад.

Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятноке мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст. Бобати дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани ин вазифаҳо бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти барқарорсозии адолати иҷтимоиву шукуфонии Ватани маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоем.

Бо камоли эҳтиром

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда.


Leave a Reply