Забони давлаӣ муқаддасоти миллист – Бароимади Мирзозода Парвиз, Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рузӣ Забони давлатӣ

Аз 22-июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ  – забони точикӣ  -эълон гардид. 5 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори дигар қабул гардид, ки вазъи  хуқуқии забонро муайян мекунад.

Мувофиқи ин қарор қоргузории тамоми корхонаву муассисаҳо, мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад.

Дар Тоҷикистони маҳбуби мо забони тоҷикӣ забони давлатӣ буда, он дар асоси Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад.

Ҳар нафаре, ки забони давлатии тоҷикиро эҳтиром намекунад, хусусан тоҷик бошад, бадтар аз манкурт аст. Аскар Ҳаким мегӯяд, ки мо бояд ҳар як маънои калимаи тоҷикиро омӯзем.  Лоиқ мегӯяд, ки касе онро надонад, шири модар бар ӯ ҳаром аст. Устод Айнӣ мегуфтанд, ки ин забони ноб ва ҷонгудоз аст. Муъмин Қаноат мегӯяд, ки ин забон пур аз меҳру ҷавҳар аст. Фарзона забони модариро ба ватан монанд мекунаду Гулрухсор ба ҳастии миллат шабоҳат медиҳад.

Дар ин замина чунин мисраҳо хонда мешавад:

Дар  ҳаду  сарҳадшиносии  ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик  забони тоҷик  аст.

То забон дорад,  ватандор аст  ў,
То забондор аст,  бисёр  аст  ў.

 

Забони модариам  ифтихорам.

Саодатбахши халқи номдорам.

Дар олам аз хама ширинтарӣ  ту,

Ба Синову Хайёмат саҷда орам.

Манғитҳою муғулҳо қариб 1000-сол тоҷиконро дар зери итоати худ гирифтанд. Забони тоҷикӣ аз давраи Зардушт то ба имрӯз давраҳои душвортарини таърихро гузаронида, вазифаи қаҳрамониашро иҷро кард – номи халқро нигоҳ дошт.

Дар даврони истиқлолият барои рушду густариши забони модарӣ тамоми шароит фароҳам омадааст ва бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ  дар ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2005) «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он, ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад,бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрўзияш-забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».

Имрўз забони модарии мо по ба пои истиқлоли Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду густариш дохил шуда истодааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии рушди забони модарӣ бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит саъю кўшиш намоем, то рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу инкишофи онро таъмин намоем ва аз осори бузургу гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ, динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии аҳли илму адаби гузаштагони мо, ки бо ин забони нобу шево ба мо мерос гузошта шудаанд, барои таҳким бахшидани пояҳои тамаддуниву фарҳангии давлати соҳибихтиёр, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоии Тоҷикистон ба таври самарабахш истифода намоем.

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои хар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанўз тифле, ки нав ба олами хастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва тахти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад.

Забони точикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрўз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомўзанд.

Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Воқеан, агар кас забони худро донад, омўхтани дигар забонҳо барояш осон мегардад:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Ба ифодаи Турсунзодаи бузург: «Забони мо хеле устувор аст, мо имрўз хам ашъори Рўдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем».

Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони точикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ханўз дар замонҳои зиндагии Рўдакии бузург бо сухани бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарӣ- точикӣ ў саҳми босазое гузоштааст.

Дар замони ҳозира, ки барои ҳамаи кишвар глобализатсия, тамаддуншавӣ таҳдид мекунад, забонҳои пурқудрат забонҳои миллатҳои хурдро танг карда, ба нестӣ мебаранд. Дар дунё солҳои 90-ум, қариб 10 ҳазор забон вуҷуд дошт, ки имрӯз теъдоди онҳо ба 3-3,5 ҳазор забон фаромадааст. Имрӯз соҳиби забони тоҷик бояд хурду калон, ҳар фарди ҷумҳурӣ бошад.

Бигузор забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, нишони давлату давлатдории миллӣ ва чун рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии ҳама сокинони Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша устувору поянда бошад.

Мирзозода Парвиз

Судяи суди Олии иқтисодӣ


Leave a Reply