ПЕШРАФТИ ТАМОМИ СОҲАҲО БА ИСТИҚЛОЛИЯТ МАРБУТ АСТ – Темурзода Шамсиддин – судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари соҳиби Истиқлол шудан ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Ба он маънӣ, ки тоҷикон баъди ҳазор сол соҳиби давлати миллим худ шуданд. Албатта, зердевори давлатдории навини мо аз замони Шӯравии собиқ гузошта шуда буд, аммо бо соҳиби мустақилият гардидан тавонистем ҳамаи урфу одат ва анъанаҳои миллим хешро аз нав эҳё кунем. Гузашта аз ин, забони модарии мо, ки асрҳои зиёд чун забо­ни фарҳангу адаби оламшумули форсӣ ба ҷаҳониён хизмат кардааст, дар замои соҳибистиқлолии Тоҷикистон боз ҳам инкишоф ёфт. Мақоми он ба сатҳи за­бони давлатӣ баланд бардошта шуд ва тамоми санаднигорию ҳуҷҷатгузориҳо имрӯз бо он сурат мегирад.

Истикдолият имкон дод, ки миллати тамаддунофари тоҷик самтҳои гуногуни хоҷагии халқи худро тараққӣ диҳад. Баробари мустақил шудан, Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори ҷомеаи демократи, ҳукуқбунёд, дунявӣ ва озодро пеш гирифт. Дар чунин сохти давлатдорӣ мақому манзалати шаҳрванд ва ҳифзи ҳукуқу озодиҳои ӯ дар ҷойи аввал меистад. Аз ин лиҳоз, барои ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ мустақилу беғараз будани ҳокимияти судӣ на- қши асосиро мебозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар чунин қайд кардаанд:

“Дар таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуку озодиҳои инсон, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бузург мебошад”.

Гузашта аз ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми декабри соли 2017 ироа гардид, дар замони бархӯрди тамаддунҳо масъалаи таъмини амнияту бехатарии ҳам давлат ва ҳам шаҳрвандонро барои ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд зарур дониста, дар роҳи амалисозии ин ҳадафҳо нақши сохторҳои дахлдорро муҳим арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, Роҳбари давлат дар Паёми имсолаашон чунин изҳор доштанд:

“Мусаллам аст, ки фароҳам овардани фазой ҳукуқй дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳукуқӣ за­рур аст. Зеро амният ва субот зами­наӣ асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъми­ни амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад”.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон сол то сол инкишоф ёфтаву мустаҳкам мегардад. Ба таҳкимёбии он, тайи со­лҳоӣ охир қабул гардидани як қатор санаду қонунҳо – кодексҳои мурофиавии гражданӣ, судии иқтисодӣ, ҷиноятй, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, “Дар бораи судҳои ҳакамӣ”, ‘ Дар бораи ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва чандин санадҳои ҳуқуқии дигар мусоидат намуданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи бештари роҳбарияти Хукумати мамлакат ба масъалаи мактабу маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои илмомӯзӣ, аз худ кардани донишҳои муосир, аз ҷумла таҷҳизоти компютерӣ равона карда шуд. Албатта, ин бесабаб нест. Зеро дар ҷаҳони мутамаддин асоси пешрафти дилхоҳ ҷомеаро мутахассисон муайян мекунанд. Заминай тайёр кар­дани кадрҳои ҷавону болаёқат ва забондон бошад, аз мактаб оғоз меёбад. Аз ин рӯ, дар доираи Барномаи компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумй, таълимгоҳҳои кишвар бо компютеру таҷҳизоти техникӣ пурра таъмин гардиданд. Доир ба мавзӯи то кадом андоза зарурат доштани масъалаи компютеркунонӣ ва забондонии ҷавонон ҳанӯз дар Паёми Сардори давлат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 24-уми апрели соли 2010 чунин баён гардида буд:

“Дар ҷаҳони имрӯза забондонӣ ва малакаи кор бо техникаи компютерӣ ба яке аз меъёрҳои асосии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо мубаддал гаштааст. Ҳоло вақти он расидааст, ки мо низ ин меъёрро дар ҷомеаи худ татбиқ намоем. Албатта, ҳалли ин масъала кори якрӯза нест ва он бояд оқилона, дурбинона ва тадриҷан амалӣ карда шавад”.

Ҳамаи ин ҷахду талошҳо баҳри он аст, ки дар дохили кишвар мо таво нем кадрҳои баландихтисосро омода карда, барои кор ба самтҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат равона созем. Зеро ин талаби замон аст. Амалисозии раванди мазкур имконият медиҳад, ки мустақилияти тамоми зинаҳо ҳифз гардида, бо ин роҳ Истикдолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро дар ватанамон таҳким бахшем.

Имрӯз мардуми тоҷик барои таҷлил аз 27-умин солгарди Истикдолияти давлатӣ омодагӣ мебинад. Бо мақсади тозаю озода намудани кӯчаю роҳрав, пеш аз ҳама манзили зисту ҷойи кор дар тамоми маҳаллаву муассисаҳо пайваста шанбегиҳо гузаронида мешаванд. Хусусан, дар ин рӯзҳои ид, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистикдоли тоҷикон, зебову дилрабо гардидааст. Симои хешро дигаргун карда, дар ҳар кӯчаю хиёбонҳояш шиору овезаҳои идона насб шудаанд. Кормандони Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ, ки коргоҳашон дар маркази пойтахт ва дар яке аз биноҳои хуштарҳу замонавӣ ҷойгир аст, барои дар сатҳи баланд гузаронидани Ҷашни 27-солагии Истикдолияти давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида, гирду атрофи бинои коргоҳро тозаю озо­да намудаанд.

Бояд гуфт, нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон хеле калон аст. Ҳамин аст, ки Роҳбари дав­лат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ин меъёр­ро чунин тавсиф додаанд:

“Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд”.

Дар ин радиф, нақши судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар барқарор кар дани зарари расонидашуда калон аст.

Воқеан, тавре дар аввал гуфтем, имрӯз вақте боифтихор дар бораи пешрафти ин ва ё он соҳа, аз ҷумла ҳокимияти судй ҳарф мезанем, набояд фаромӯш созем, ки ҳамаи ин ба замони соҳибистиқлолй марбут аст. Яъне, миллату давлати тоҷик бунёди тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакатро аз сифр оғоз кард ва бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки комёбиҳои тамоми соҳаҳо, аз ҷумла пешрафти назарраси ҳокимияти судӣ низ маҳз дар давраи Истикдолият ба даст омаданд.

Темурзода Шамсиддин – судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозгашр аз ҳафтаномаи Қонун ва Ҷомеа


Leave a Reply