Системаҳои иттилоотии муосир ва усулҳои ҳимояи онҳо

Cанаи 23-24 августи соли ҷори дар Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинар оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҷониби хизматчиёни давлаӣ, ки бо мақсади такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисони соҳаи ҳифзи иттилоот  баргузор гардид, мутахасиси пешбари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғоибов Ғоиб ва котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон Буриев Навруз, иштирок намуданд

Дар кори семинар, ки бо ҷалби кормандони масъули ҶСК “Инфотекс”, ҶДММ “СИБ” ва ҶС “Лабаратория касперского” гузаронида шуд, доир ба Системаҳои иттилоотии муосир ва тарзи ҳимояи онҳо маъруза шуд.

Инчунин дар семинар оид ба барномаи “Низоми бақайдгирии гардиши мукотибот” маъруза карда шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиёни семинар қарор гирифт. Барномаи мазкур аз тарафи ширкати ватанӣ ҶДММ “Ребус” таҳрези шудааст ва дар он низоми гардиши ҳуҷҷатҳо дар мақомотҳои давлатӣ ба таври электронӣ, ки бевосита ба осон намудани кори мақомотҳои давлатӣ, табодули саривақтӣ ва онлайнии иттилоот ва ҳуҷҷатҳо пешбини гардидааст. .

Дар анҷоми семинар ба иштирокчиён аз ҷониби ҶСК “Инфотекс” ва ҶДММ “СИБ” сертификатҳо  тақдим гардид.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply