Идомаи корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шанбегиҳо

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ  баҳри вусъати корҳои ободонӣ ва кабудизоркуни, шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ, ки бо таври ҳашар гузаронида шуд, гирду атроф, даромадгоҳ ва боғи назди бинои Суди Олии иқтисодиро тоза намуда, гирду атрофи дарахтонро нарм намуда аз алафҳои бегона тоза карда шуданд. Инчунин дар назди даромадгоҳи бино ва боғи назди бино гулҳои ороиши ва мавсими шинонида шуд, ки баъд аз нашъу намо назди бинои судро назаррабо мегардонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба ҷашни «Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рузҳои шанбе бо ҷалби роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисодӣ шанбегӣ ва корҳои тозагию ободои гузаронида мешавад.


Leave a Reply