Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори давлати миллии тоҷикон! Амрихудозода Фарида Дайхудо Мутахассиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати он имрӯзҳо мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили санаҳои бузурги миллиамон рӯзи Парчами давлатй ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем.

Пас аз пош хӯрдани иттиҳоди Шӯравй ва коста шудани ҳокимияти давлатй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддат ба кишвари мо вазъи нохуб ва низои дохилиро ба бор овард, ки ба қишрҳои ҷомеа хисороти зиёд расид.

Баъзе аз ҳамватанони мо аз манзили истиқоматии худ маҳрум гашта, қисми дигари он қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст, то дарси ибрати наслҳои имрӯзу оянда гардад.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазой нави сиёсй буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Воқеан ҳам Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд.

Барҳақ, тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, вахдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф намуд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазой сулҳу оромӣ умр ба cap бурда истодаанд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳалқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайваст, миллати азияткашидаи тоҷиконро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ ба раҳоӣ овард, як меҳани соҳибистиқлолу воҳид эъмор кард ва худ девор, диж ва бораи Тоҷикистон гардид.

Маҳз бо шарофати иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатй ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас муайян намудааст.

Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар доираи салоҳияти худ ба сифати ҳокмияти мустақили давлатӣ фаъолият дорад.

Тибқи талаботи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судй ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Кафолати мустақилияти судяҳо, аз ҷумла чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии онҳо, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст, ба ҳамаи судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта, бо ягон санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор ё маҳдуд карда намешаванд.

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон^ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳо, судяҳо вазифаи кониститутсионии худро ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ ба анҷом расонида истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо сарфарозӣ ва изҳори садоқат аз ғамхориҳои Сарвари мамлакат судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ низ пайваста баҳри иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда саъйю кӯшиш намуда, бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ муқаррароти Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳоеро, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон ба Маҷлиси Олй аз 22 декабри соли 2016 бармеоянд, ба роҳбарй гирифта, баҳри амалигардонии адолати судй, барқарорсозии адолати иҷтимой дар давраи истиқлолият фаъолияти худро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳо, аз ҷумла пурзӯр намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ ва устувор ба роҳ мондани мустақилияти судҳо, баланд бардоштани нақш ва мавқеи судҳо, пурра иҷро намудани барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, номзадҳои арзанда ба вазифаи судягӣ пешниҳод гардида, кормандони дастгоҳҳои судӣ дар рӯҳияи таъмини волоияти қонун мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии судяҳо, касбият, амалигардонии фаъолияти шаффофи онҳо, инчунин омодагии касбии судяҳои ҷавон аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Бояд қайд кард, ки дар Ватане, ки мо зиндагӣ ва умр ба cap мебарем ҳар зарра хокаш муқаддас ва ҳар ваҷаб заминаш маъбади имону ихлос ва музаффариятҳои ҳар яки мову Шумо мебошад.

Танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат^ Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалй Раҳмон аст, ки дар cap андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ, дар лаб муноҷоту ниёиши озодманишӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарварад.

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 соли ҷавонон эълон карда шудааст.

Пешвои муаззами миллат аз кӯшишу талошҳои насли ҷавон дар роҳи илму маърифат ва шинохти арзишҳои миллию давлатй изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷавонони имрӯзаро ояндаи дурахшони навин хондааст.

Бо дастгирии Сарвари хирадмандамон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он ташаббусу дархостҳое, ки аз тарафи ҷавонон пешниҳод мегарданд, амалӣ гашта истодаанд.

Аз ин лиҳоз, мо ҷавононро лозим ва зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳо ва гамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро баҳри донишандӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиамон равона сохта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва давлати миллиамон бошем ва ҳамзамон таъкидҳои дурандешонаи Сарвари давлатамонро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Дар фарҷоми сухан ҳамаи Шуморо ва дар симои Шумо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ин ҷашнҳои бузургу муқаддас табрику муборакбод намуда, бахту саодат ва осудагию оромиро таманно дорам.

Амрихудозода Фарида Дайхудо
Мутахассиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе


Leave a Reply