Ваҳдате, ки бо ҷонбозиҳо ба даст омад – Темурзода Шамсиддин Сафар, Судяи суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдате, ки бо ҷонбозиҳо ба даст омад

Ваҳдат нишонаи сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад. Ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ба он далолат мекунанд, ки ваҳдату оромиш беш аз ҳар вақти дигар ба ҳифзу таҳким ниёз дорад, зеро ваҳдат пойдевори ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёт, беҳбудии зиндагии мардум бевосита аз он ибтидо мегирад.

Ваҳдату ягонагии тоҷикон, ки бо ҷонбозиву талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фитрати халқи сулҳхоҳу матинирода ба даст омад, ҳамчун рамзи эҳёи миллати куҳанбунёди мо неъмати волост.

Воқеан ҳам, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид, давлати ҷавон ва тозаистиқлолро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Ваҳдат барои мо аз он ҷиҳат боарзиш аст, ки ин падида ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ холима бахшид ва садди роҳи таназзули давлати ҷавони миллиамон шуд. Ин Созишномаи таърихӣ замоне имзо шуд, ки дар кишвар ҷанги бародаркуш идома дошт ва худ рӯйи амал омадани созишномае, ки заминаи таъминкунандаи сулҳ аст, на ба ҳар ҷониб манфиатовар буд. Махсусан, ба ҷонибҳое, ки чунин нобасомониҳоро асос гузошта, аз онҳо манфиат меҷустанд. Маҳз ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳадафҳои умумимиллӣ бар ҳадафҳои ҷудогона пирӯз шуданд.

Ваҳдати миллӣ дар рӯзҳои аввали натиҷа бахшидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ моҳияти худро касб кард ва собит намуд, ки мардуми тоҷик зотан сулҳофару сулҳҷӯянд.

Имрӯз бошад, агар тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ба ин неъмати бузург нисбат диҳем, хато намешавад. Чунончй, дар боло ишора шуд, сулҳу субот пойдевори ҳастии ҳар миллат аст, агар он мустаҳкам бошад, он миллат низ пеш меравад. Бубинед, солҳои ҷанг вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ба буҳрон дучор омад. Яъне, давлат ба гайр аз буҳрони сиёсӣ, оғӯштаи буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавӣ низ гашта буд.

Хушбахтона, дар баробари таъмин шудани сулҳу салоҳ чархи иқтисодии кишвар ҳам тадриҷан ба гардиш даромад. Ҳазорҳо корхонаҳои нав ба фаъолият пардохтанд, мардуми бекор бо ҷойи кор таъмин шуданд ва бад-ин васила, сатҳи зиндагии мардум низ рӯ ба беҳбудӣ овард.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ дар маҳаки давлатдории навини тоҷикон меистад, зеро он ибтидои давлатдории навини мост. Маҳз ваҳдату ягонагӣ буд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталиф таъмин гардид, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд шинохта шуд. Тоҷикон баъди ҳазор сол бори дигар собит карданд, ки чун миллати асилу тамаддунпарвар соҳибдавлату соҳибмиллатанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои ҷаҳониён мактаби эътимодбахшу тақдирсоз аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо роҳи осоишта, яъне тариқи музокира ҳаллу фасли низоъро ба хубӣ нишон дод. Омӯзиши ин мактаби бузург барои пойдории сулҳу оромӣ хеле муҳим аст.

Имрӯз кишварҳои зиёде ҳастанд, ки гирифтори ҷангу низоъҳои дохилианд. Бо вуҷуди музокироту гуфтушунидҳо ва талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барқарор кардани сулҳ дар ин гуна сарзаминҳо мушкил аст. Аз ин рӯ, кам нестанд кишварҳое, ки мардумонашон солҳо дар орзуи сулҳу оромианд. Мо худ чунин рӯзгорро ибтидои солҳои 90-ум пушти cap гузоштем, аз ин ҷост, ки медонем сулҳу

оромӣ чи арзиши волое дорад ва ба қадри вахдат ба хубӣ мерасем.

Сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун таҷрибаи камназир барои барқарор кардани оромӣ дар бисёр давлатҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин мактаби бузург боиси ибрати ҷаҳониён гаштааст.

Албатта, Ваҳдат, пеш аз ҳама, худ аз сиёсати созандаву сулҳҷӯёна дарак медиҳад. Мо медонем, ки пас аз барқарор шудани сулҳ, давлат ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ афзалияти бештар дод. Натиҷаи амалишавии сиёсати иҷтимоии кишвар, яъне беҳбудии зиндагии мардум буд, ки дар қалби сокинон меҳри Ваҳдату ягонагӣ фурӯзонтар гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифт. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари тинҷу осуда ва сулҳофар, на ҷангзада, бо давлатҳои дунё дӯстӣ барқарор кунаду ҳамкорӣ намояд.

Ваҳдат барои мо раванди дигаргунсозиҳои зиёдро пеш овард. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: “Мо фарҳанги сулҳ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем, зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихӣ ва зиёда аз ин, заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократа мебошад”.

Ҷоиз ба зикри хос аст, ки заминаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ аз оромии ҷомеа сарчашма мегиранд. Яъне,

агар давлат тинҷу осуда бошад, дар ҳама самт?рушд ба вуҷуд меояд. Нигаред ба давлате амсоли Сурия, ки ҷанги хонумонсӯз дар муддати хеле кӯтоҳ иқтисоди пешрафтаи ин кишварро чӣ гуна хароб кард. Мо низ чунин пайомадро дидем, ки нобасомониҳо чанд сол кишвари моро ба ақиб кашиданд.

Барой ҳамин бори дигар бояд таъкид намуд, ки асоси пешрафти тамоми ҷамъиятҳо сулҳу оромист. Ва хушбахтона, мо онро дорем! Аз ин ҷост, ки кишварамон ба таври назаррас пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ намудааст. Ҳамаи ин дастовардҳо ба туфайли сулҳу ваҳдат ба даст омадаанд. Ва акнун барои ҳифзи ин дастоварди бузург ҳар як сокини ин меҳан масъул аст.

Дар қатори дигар соҳаҳо, ҳокимияти судӣ низ дар мамлакат тайи ин солҳо рушду пешрафт намуд. Ин мақомоти муҳим, ки аз зумраи таъминкунандагони адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа маҳсуб мешавад, бидуни он рушду инкишофи институтҳои демократӣ гайриимкон аст. Ҳамин аст, ки шиори ҳар яки мо кормандони мақомоти судии кишвар, пеш аз ҳама, рушди босуботи ҷомеа ва ваҳдати миллист.

Дар охир, матлаби хешро месазад, ки бо суханони арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй, Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст намоем:

“Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад”.

Темурзода Шамсиддин Сафар – Судяи суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Leave a Reply