Ваҳдат падидаи нодири сулҳофарӣ – Шарифзода Хушнуд Абдулло, Мутахассиси пешбари Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳо

Мӯҳтарам раис ва ҳозирони гиромӣ! Дар арафаи 21-умин солгарди иди Ваҳдати миллӣ дар бораи талошу кӯшиш ва саъю ғайрати абармарди миллат, ки барои фароҳам овардани сулҳи тоҷикон фидокорӣ кардааст, ёдрас мешавем. Баъди пароканда гардидани ҳокимияти Шўравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд, ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуда,  ҳодисаҳои нангин, бадбинӣ, гуруҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдоншини рӯй дод, ки  оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Ҷангҳои мусаллаҳҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон расонид. Баъзе аз мутахассисони варзидаи ватанию хориҷӣ тарки ватан намуда, дар фазои нооромӣ даҳҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо дар задухурдҳои мусаллаҳона ҳалок гардиданд. Бисёри ҳамватанони мо бе хонаву дар монда, хонаву дари беъзеи онҳо  валангор гардида, ҳазорон нафар кудакону наврасон ятим монда, қариб як миллион нафар хонаву манзили худро тарк намуда, дар бисёр кишварҳо гуреза шуданд. Ин ҳама дасисабозиҳо маҳсули дасти хоҷагони беруна буд, ки тавонистанд  мардуми тоҷикро душман ва қотили якдигар созанд ва мақсадашон миллати куҳанбунёдро пора-пора карда бе ватан гардонанд. Ваҳдат барои халқи тоҷик яке аз арзишҳои муққадас ва муҳим буда, ин дар радифи калимаҳои истиқлолият, Ватан-модар сулҳ муқадас аст ва ин барои миллат ба осони ба даст наомадааст. Маҳз талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27 июни соли 1997 дар толори Георгиеви Кремли шаҳри Москва дар ҳузури Президенти Федератсияи Россия Борис Елтсин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон роҳбари итиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи Созмони миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем ҳуҷҷати сулҳ ба имзо расид, ки он барои миллати тоҷик зиндагии навро оғоз бахшид.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 9 ҳуҷҷатӣ зеринро дар бар мегирифт.

  1. Дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 17 августи соли 1995.
  2. Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик оид ба ҷамъбасти вохӯрии онҳо дар Москва аз 23 декабри соли 1996.
  3. Дар бораи вазифа ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ, ки 26 декабри соли 1996 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмолалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ ба имзо расидааст.
  4. Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ, ки 21 феврали соли 1997 дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба имзо расидааст.
  5. Протоколи иловагӣ ба Протокол дар бораи вазифаҳои ва ваколатҳои асосии Комиссия оштии миллӣ, ки 21 феврали соли 1997 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмолалӣ Раҳмон раҳбари мухолифини тоҷик С.А.Нурӣ ба имзо расидааст.
  6. Протокол оид ба масъалаҳои гурезаҳо, ки 13 январи соли 1997 аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои музокиракунанда дар Теҳрон ба имзо расидааст.
  7. Протоколи масъалаҳои низомӣ, ки 8 марти соли 1997 аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои музокиракунанда дар Москва ба имзо расидааст.
  8. Протоколи масъалаҳои сиёсӣ, ки 18 майи соли 1997 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмолалӣ Раҳмон ва Раҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ ба имзо расидааст.
  9. Дар бораи кафилони татбиқи Созишнома умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон, ки 28 майи соли 1997 дар Теҳрон аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои музокиракунанда ба имзо расидааст.

Ҳаёт дуруст будани роҳи ваҳдатро исбот кард, зеро дар натиҷа сохторҳои давлатӣ эҳё гашта, зиёда аз як миллион гурезагон ба ватан баргаштанд ва асосаш — ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуда, пеши роҳи хатари аз байн рафтани давлат ва миллати тоҷик гирифта шуд. Ваҳдат бо вожаҳои “Якдилию Ҳамзабонӣ” ҳаммаъно буда, пайвандгари имрӯзу фардо мебошад. Матонату корнамоиҳои ҳазорҳо нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаромушношуданист. Ин ҳама якҷоя ва ақлу хиради мардуми меҳандусти кишвар боис гашт, ки дар мамлакат фазои сулҳу дӯстӣ ҳукумфармо гардид.

Мақомоти судии кишвар шурӯъ аз марҳиллаи аввали соҳибистиқлоли кишвар дар таъмини адолати судӣ, иҷтимоӣ, пойдорӣ, устуворӣ ва бардавомии давлат ҳамчун шохаҳои мустақил баҳри ба даст овардани волотарин арзиш- Ваҳдати миллӣ диққати махсус дода, дар ин росто саҳми назаррас дорад. Барои таъмин кардани мустақилияти судҳо ва хуб ба роҳ мондани кори онҳо оғоз аз соли 1991 бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Мақомоти судии кишвар баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар адолати иҷтимоӣ ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, манфиати давлат ва ташкилоту корхонаҳо саҳми босазо дорад. Воқеан ободии диёр ва зиндагии осудаву ороми халқи азизамон аз Истиқлолияту Ваҳдат иборат аст ва аз гуфтаҳои  шоир Низом Қосим:

Қатра-Қатра оқибат дарё шудем,

Зарра-зарра кӯҳи побарҷо шудем.

Ҳосили ҳамдасту ҳампой бубин,

Дасти ҳам бигрифтаву барпо шудем.

Бори дигар ҷашни ваҳдати миллиро барои ҳамаи Шумо табрикгуфта ба ҳар яки Шумо сулҳу суботи ҳамешагиро таманно менамоям!

Мутахассиси пешбари Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳо

Шарифзода Хушнуд  Абдулло


Leave a Reply