Табрикоти Раиси Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ

 

Ҳамкасбони гиромӣ!

Ҳозирини арҷманд!

Шуморо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намуда, бароятон сиҳатмандии комил, бахту саодат ва пирӯзихоро таманно менамоям.

Қобили қайд аст, ки қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи нави давлати соҳибихтиёр барои рушди низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат имконият фароҳам оварда, бо қабули Қонуни асосӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол  сохтори сиёсии давлатӣ муайян гардид. Мутаасифона, бинобар идома доштани низоъҳои миллӣ, бесарусомониву бетартибиҳои мусаллаҳона фаъолияти ҳокимияти иҷроия ва парламент ба парокандагӣ рӯ оварда, бӯҳрони сиёсии ба вуҷудомада, таъмин намудани эҳтирому риояи конститутсия ва қонунҳои мавҷударо халалдор менамуд.

Доираҳои муайяни баъзе қувваю гурӯҳҳои хориҷиву дохилӣ  ба хотири манфиатҳои шахсӣ  бо ҳар роҳу восита  барои нигоҳ доштани вазъи нооромӣ ва тақсим кардани сарзамини тоҷиконро кӯшиш   намуда, намегузоштанд халқи тоҷик иродаи худро озодона изҳор намуда, оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардад.

Хушбахтона ақлу хиради мардони меҳанпарасту қавиирода имкон дод, ки Иҷлосияи  тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуда,  рӯзи 19 ноябри соли 1992 аз нав ҷоннок намудани фаъолияти Ҳукумат ва Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва ба беҳокимиятиву бӯҳрони сиёсӣ дар Тоҷикистон  нуқта гузошта шуд.

Соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд. Мардуми кишвар бо дарки масъулиятшиносӣ  дар чорабинии сиёсӣ якдилона ширкат намуда, ба қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз райъи худро изҳор карданд.

Вақте ба таърихи 21 сол қабл дида медӯзем, дармеёбем, ки баъди музокироти тӯлонӣ дар давраҳои ҳассосу муноқишаҳои шаҳрвандӣ бо азми қавиву талошҳои пайвастаи Пешвои миллат 27 июни соли 1997  бо мақсади ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат бо гурӯҳҳои мухолиф Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид.

Гуфтан ҷоиз аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷиҳати аҳамиятнокии худ   бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Зеро агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ мустақилият ва соҳибихтиёриро фароҳам оварда бошад, Созишнома барои таъмини сулҳу суббот ва пойдории мулку бақои давлати Тоҷикистон мусоидат намуд.

Ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ, ки Ваҳдати миллӣ ном гирифт, ҷиҳати аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё кард. Бо шарофати расидан ба созиши миллӣ байни мардум дӯстиву рафоқат барқарор ва харобиҳои бар асари ҷанги шахрвандӣ  расонидашуда бартараф, гурезахои дур аз Ватан дубора ба Ватан баргаштанд.

Воқеан, рӯйдоди дигари муҳими таърихӣ, ки бо Созишномаи мазкур равобит дорад, дар баробари ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа бо қарори якҷояи ҳокимияти конститутсионӣ ва мухолифини дохилӣ гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ дар Созишнома пешбинӣ гардида буд.

Дар заминаи ин талабот моҳи сентябри соли 1999 тариқи райъпурсии умумихалқӣ боби сеюми Конститутсия, ки сохтор ва фаъолияти ҳокимияти қонунгузор – Маҷлиси Олиро дар бар мегирад, такмил дода шуда, ба он тағйиру иловаҳо ворид  ва дар асоси онҳо бори нахуст дар таърихи сиёсии Тоҷикистон, асосҳои ташкилӣ ва тарзи тамоман нави Маҷлиси Олӣ, ки он аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад, ба миён омад. Ворид намудани тағйирот ба Қонуни асосӣ ва таъсиси палатаи доимоамалкунанда мақоми конститутсиониву ҳуқуқии парламентро таҳким бахшида, Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақомоти ягона ва олии қонунгузор дар ҷумҳурӣ мустақилияти бештар, салоҳиятнокӣ ва касбиятро ба даст овард.

Ҳамзамон, ислоҳоти конситутсионӣ дар сохтори судӣ таъсиси мақоми коллегиалӣ – Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал овард, ки он ба манфиатҳои миллӣ ва ҷомеа, барои такмили низоми судӣ аҳамияти муҳим дошта, заминаи мустаҳками ҳуқуқии мустақилияти ҳокимияти судиро таъмин  намуд, ки он дар давраи муайяни таърих рисолати худро  бобати аз ҳайати ҳокимияти иҷроия баровардани ҳокимияти судӣ, таъмини фаъолияти ташкилии судяҳо иҷро намуд.

Таҳкиму такмили ҳокимияти судӣ аз замони расидан ба Ваҳдати миллӣ ибтидо гирифта, дар заминаи ислоҳоти  конститутсионии солҳои 1999 ва 2003 низоми ҳокимияти  судӣ, ҳамзамон дар асоси  ин ислоҳот фаъолияти  ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия  такмил дода шуда, то ба имрӯз мунтазам ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузориҳои гуногун ба стандартҳои байналмилалӣ, такмили принсипи инсондӯстӣ дар меъёрҳои он, ки дар онҳо волоияти қонун, эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал мебошад, тадбирҳо андешида шуданд.

Зеро, дар ҳар давру замон пешрафти ҳаёти ҷомеа талаботи навро ба миён меоранд, ки онҳо ҳалли худро талаб мекунад. Вобаста ба  ин, равандҳои нави инкишофи ҷомеаи ҷаҳон, ба хусус ҷаҳонишавӣ, зарурати мутобиқ намудани ислоҳоти ҷомеаи моро ба талаботи нави ҷаҳонӣ тақозо менамояд.

Дар раванди тамоми ин ислоҳотҳо, ба  ҳокимияти судӣ низ таваҷҷӯҳи махсус дода шуда,  Президенти кишвар зарур будани гузаронидани ислоҳоти судиро ба миён гузошта дар мӯҳлати начандон дароз, яъне аз соли 2007 инҷониб дар ин самт се Барномаи мукаммали ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва амалӣ гардида, корҳои басо назаррас анҷом дода шуд.

Қабули як қатор қонунҳои мурофиавии мукаммал ва таҳрири нав қадами устуворе  буд, барои таҳкиму такмили ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо.

Аҳамияти хоса додан ҷихати афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ, тақвият бахшидан ба масъалаҳои ташкилӣ, таъмини сатҳи зарурии шароити моддию техникӣ ва ташкилии судҳо, бо биною таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин намудани судяҳо дар Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида,  марҳила ба марҳила он амалӣ карда мешавад.

Ин ғамхорию дастгирии Роҳбарияти мамлакат моро водор месозад, ки дар пайравии заҳматҳои муассили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду ободии Ватани азизамон, фароҳам овардани зиндагии шоиставу сазовор ба мардуми кишвар, созмони ҷомеаи воқеан ҳам ҳуқуқбунёу демократӣ заҳмат намоем.

Фаъолият ва амали ҳокимияти судӣ дар кишвар бидуни ҳамкории пайваставу доимӣ бо дигар шохаҳои ҳокимият ғайриимкон буда, танҳо дар ҳамбастии ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муяссар мегардад, ки аз рӯи меъёрҳо ва принсипҳои демократӣ мақсаду мароми ҷомеаро зимни амалигардонии ҳокимияти давлатӣ  ифода намоянд.

Бо дар назар доштани ин омилҳо судяҳо дар асоси принсипҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, муҳокимаи озодона, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, дарки баланди масъулият дар назди халқу Ватан амал намуда, фаъолияти худро ҷиҳати баррасии саривақтии парвандаҳои судӣ, қабули қарорҳои қонуниву асоснок, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва барқарорсозии ҳуқуқҳои вайронгардида равона  месозанд.

Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ, барои рушди ҳокимияти судӣ саҳифаи нав кушода, барои дар сатҳи конститутсионӣ таҳким додани ин рукни мустақили давлатӣ мусоидат намуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ифтихори ҷашни 21- умин солгарди ба имзо расидани санади барои халқу давлати мо тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кулли мардуми ҷумҳурии азизамонро муборакбод намуда, боварӣ дорам, ки ҳар яки мо баҳри амалигардонии сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои миллат, пешрафти Ватани маҳбуб ва пояндагиву ҷовидонии сулҳу субот бо ҳисси баланди ватандориву посдории муқаддасоти умумибашарӣ – сулҳу оромии тамоми сайёра заҳмат менамоем.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод.


Leave a Reply