«Нақши байналмилалии ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

Муҳтарам, раис, ҳамксбон ва меҳмонони олиқадр!  Дар мизи мудаввари имрўза ман дар мавзўи «Нақши байналмилалии ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» маърўза менамоям.

Бояд тазакуур дод, ки ҳадаф аз эълони ду даҳсолаи байналмилалии амал (2005-2015 ва 2018-2028), соли байналмилалии оби тоза (2003) ва соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони милали Муттаҳид пазируфта  шудаанд, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об, пайомадҳои манфии нарасидани оби нӯшокӣ, пешниҳод намудани роҳи ҳалли ин мушкилот аст.

Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои  2018-2028 баёнгари муносибати ҷиддӣ ва пайгиронаи Пешвои миллат ба мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо оби нӯшокӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об дар сатҳи ҷаҳон аст.  Бояд зикр кард, ки мушкилии норасоии оби ошомиданӣ одӣ набуда, балки проблемаи асосии замони муосир мебошад.

Тибқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид, имрӯз тахминан 40 дарсади аҳолии ҷаҳон аз камбуди оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Вобаста ба мавзӯи мазкур дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҷаллаи «Ахбороти СММ» моҳи марти соли 2018 таҳти сарлавҳаи «Об барои рушди устувор» интишор гардидааст, чунин оварда шудааст: «Тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон, то ҳоло зиёда аз 844 миллион одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд. одамон ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то 2,3 млрд мерасад».

Имрӯз бисёре аз сиёсатмадорон ва роҳбарони мӯътабари ҷаҳонӣ ақидаву пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷиконро дарк карда, дар суханрониҳои худ ба он такя мекунанд. Яъне, онҳо низ дарк кардаанд, ки масъалаи норасоии оби нӯшокӣ проблемаи кишвар ё минтақаи алоҳида набуда, балки умумиҷаҳонӣ аст ва бетаваҷҷуҳӣ ба он пайомадҳои хатарнок ва мудҳиш, аз ҷумла, хатари муноқишаҳои бузурги низомиро метавонад ба миён орад.

Попи Рим Франсиск дар яке аз конфронсҳое, ки оғози соли равон баргузор гардид, аз эҳтимоли сар задани муноқишаҳои бузурги ҷаҳонӣ барои об ҳушдор дод. «Ҳуқуқ ба об яке аз муҳимтарин омил барои зинда мондани инсон ва ояндаи инсоният аст. Рақамҳое, ки Созмони Миллали Муттаҳид интишор намудааст, наметавонанд моро бетараф гузоранд. То им ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаанд, мефавтанд. Миллионҳо нафар оби ифлосро истеъмол менамоянд.

Дар гузоришҳои вобаста ба об интишорнамудаи Созмони Миллали Муттаҳид низ дар мавриди хатари ба миён омадани муноқишаҳои ҷиддӣ ва низомӣ таъкид шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки муддати 50 соли охир 507 муноқиша маҳз дар масъали об ба қайд гирифта шуда, дар 21 ҳолат муноқишаҳои лафзӣ ба муноқишаҳои низомӣ расидаанд. Ҳоло ҳам баҳсҳои зиёд дар мавриди обу истифодаи он боқӣ монда, ҳар лаҳза хатари ба ҷанг мубаддал гаштани ин баҳсҳо вуҷуд дорад.

Проблемаи мазкур мушкилоти рақами яки инсоният дар асри XXI аст. Метавон гуфт, ки бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди қудратҳову тамаддунҳо шуда метавонад. Дар ин маврид як нукта мавриди зикри хос мебошад. Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкили ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне Сарвари давлати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли он даъват намуданд. Шурӯъ аз соли 2003, яъне замоне, ки аввалин маротиба Президенти Тоҷикистон дар мавриди эълони «Соли байналмилалии оби тоза» ташаббус нишон доданд, то ба имрӯз ин мавзӯъ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ мешавад. Бояд эътироф намуд, ки ин иқдомоти Сарвари давлат боиси афзоиши нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ гардида, ӯро ҳамчун як сиёсатмадори қавиирода, дурандеш муаррифӣ намудааст.

Мақсади аслӣ аз ин иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ пайдо намудани роҳи ҳалли проблема, пешгирӣ аз сар задани муноқишаҳои бузурги байналмилалӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба истифодаи дуруст ва захираи оби ошомиданӣ барои имрӯз ва фардо мебошад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд инро пешбинӣ намоянд.

Нуриддини Нурулло Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Leave a Reply