Машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарии, бо кормандони дастгоҳи Судҳои иқтисодӣ, машғулияти семинари гузаронида шуд.

Дар кори семинар сардори Раёсати Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода З баромад намуда оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», талабот нисбат ба хизматчии давлатӣ, одоби хизматчии давлатӣ, омӯзиши Дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи муҳтавои ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028  суханрони намуд.

Инчунин Асрорзода З. дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» баромад карда, бо иштирокчиёни семинар  саволу ҷавоб доир намуд.

Дар идомаи семинар Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон Буриев Навруз дар мавзуи “Шарҳи муҳтавои ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028  ва иқдомҳои созандаи Тоҷикистон дар роҳи ҷаҳонишавии он” маърӯза намуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply