Табрикоти Муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисоди Қодирзода А бахшида ба рӯзи Модар

Модарону хоҳарони азиз!
Бонувони гиромӣ!

Иҷозат фармоед, ҳамаи шуморо ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ – 8-уми март аз номи худ ва кулли мардони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо тансиҳатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи ҳамешагиро орзу намоям.

Тавре ҳамагон огоҳӣ доред, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз 06 марти соли 2009, рӯзи 8-уми март ҳамчун рӯзи “Модарон” ҷашн гирифта мешавад.

Иди модарон баробари оғози эҳёи табиат – фасли баҳор фаро мерасад ва мо ҳамасола онро бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем. Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.

Зан – модар олиҳаест, ки фарзандро ба дунё меорад, аввалин бор бо шири сафеди покаш ба фарзанд ғизои моддӣ мебахшад, нахустин шахсе аст, ки ба фарзанд ҳарф гуфтан ва қадамҳои аввалин гузоштанро меомӯзонад.

 

Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, мураббии аҳли башар ва нахустустоди фарзанд арзёбӣ мегардад.

Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида истодааст.

Барои таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа Сарвари давлат ҳамеша эътибори махсус дода, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар чунин изҳор карда буданд: “Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа рушдёфтаро орзу намоем”.

Ба ин хотир 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тавсиб расид. Фармони мазкур барои таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷомеа ва идораи давлат, баланд бардоштнаи мақоми иҷтимоии занон, таҳкими нақши онҳо дар густариш пайдо кардани ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузурге бахшид. Санади мазкур асоси ҳуқуқии таҳия ва қабули якчанд барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Барномаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998 – 2005”, “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 – 2010” ва “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”” гардид.

Имрӯз занони тоҷик дар зинаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти иҷроия ва судӣ, фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Дар тамоми давраҳои таърихи миллати тоҷик рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан-модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.

Аз ҷумла, шоир Рустами Ваҳҳоб васфи занро ба таври хоса тавсиф карда, иброз доштааст:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчӣ аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти инсонӣ аст. Ҳама суханҳои неке, ки бузургони мо дар васфи модарон гуфтаанд ва имрӯз мо низ мегӯем, ба заҳматҳои якшаб кашидаи модар баробар шуда наметавонанд.

Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ барҳақ гуфтааст:

“Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад, андар санои модар!”

Таманно мекунам, ки ҳаргиз дили модарони бузургвор ғам, чашмонашон нам, дастонашон кам ва қомати мавзунашон хамро набинад.

Бори дигар Иди Модаронро бароятон табрик мегӯям.

Муовини якуми Раиси Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қодирзода А.С.


Leave a Reply