Иштирок ва суханронии муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам Раис, Раёсат, ваки- лони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқнамудани меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳукукуш Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 32, сархати якуми моддаи 33, сархати якуми моддаи 34, сархати якуми моддаи 35, сархати якуми моддаи 36, сархати дуюми моддаи 38, сархати дуюми қисми 2 моддаи 39, сархати якуми моддаи 40, сархати якуми моддаи 41, сархати якуми қисми 1 моддаи 42, сархати якуми моддаи 54, сархати якуми моддаи 55, сархати якуми қисми 1 моддаи 56, сархати сеюми қисми 1 моддаи 63, сархати якуми модцаи 64, сархати якуми қисми 1 моддаи 65, сархати якуми қисми 1 моддаи 71, сархати якуми моддаи 76, сархати чоруми қисми 1 моддаи 77, сархати якуми моддаи 78, сархати якуми қисми 1 моддаи 79, қисми 1 моддаи 82, сархати дуюми қисми 1 моддаи 83, сархати якуми моддаи 84, сархати якуми қисми 1 моддаи 85, сархати якуми қисми 1 моддаи 87, сархати сеюми қисми 1 модаи 88, сархати якуми моддаи 89 ва сархати якуми қисми 1 моддаи 90 калимаи «таъмин» ба калимаи «назорат» иваз карда шавад.

Иваз намудани калимаи «таъмин» ба калимаи «назорат» меъёрҳои мазкурро ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ месозад.

Ҳамчунин, дар лоиҳаи қонун пешбинӣ гардидааст, ки сархатҳои шашум, дувоздахум ва понздахуми қисми 1 моддаи 53 дар таҳрири зерин ифода карда мешаванд:

– «-ҷадвали воҳиди кории Суди Олии иқгисодии Ҷумхурии Тоҷикистон, Суди иқгисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқгисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, Низомномаи Дастгоҳи Суди Олии иқисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамали мансабии Раёсат, шуъба ва бахшҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамали коргузории судҳои иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, кормандони Дастгоҳи Суди Олии иқгисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

– нисбати судҳои Суди Олии иқгисодии Ҷумхурии Тоҷикистон, раисони Суди иқисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, муовинони онҳо ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо асосҳои дар қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд;

барои дар марҳилаи якум дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастҷамъӣ баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати судй ва судяи дар маҷлиси судй раисикунандаро муайян мекунад;»

Дар таҳрири нав ифода кардани сархатҳои шашум, дувоздаҳум ва понздаҳуми моддаи 53 қонуни конститутсионй бо мақсади мушаххас гардонидани салоҳияти раиси Суди Олии иқгисодй пешбинй гардидааст. Тибқи он ба раиси Суди Олии иқтисодй ҳуқуқ дода мешавад, ки барои дар марҳилаи якум баррасй намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавй ҳайати судй ва судяи дар маҷлиси судй раисикунандаро муайян намояд.

Ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонуни конститутсионй зикр гардидааст, ки ба қисми 1 моддаи 56 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «-эътироз ва шикояти назо- ратиро баррасй менамояд;». Қисми 4 моддаи 86 хориҷ карда шавад. Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 88 хориҷ карда шавад. Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 88 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- барои дастҷамъона баррасй намудани парвандаҳо оид ба муф­лисшавй ҳайати судй ва судяи дар маҷлиси судй раисикунандаро муай­ян мекунад;».

Қайд кардан бамаврид аст, ки ба­рои пурра дар амал татбиқ намудани меъёри конститутсионй, таъмини саривақтии фаъолияти ҳокимияти судй ва нақшаи идоракунии сохторҳои ин ҳокимияти давлатй қабул намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида саривақтй ва мувофиқи мақсад мебошад.

Бо асосҳои зикргардида аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорй намоед.


Leave a Reply