Вобаста ба омӯзиши самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суди иқтисодии вилояти Хатлон

Имрӯз аз ҷониби Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Аминзода 3., сармутахассиси Раёсати таъмину ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳури Тоҷикистон, Ғаюрзода Д., Раис, судяҳо ва кормандони Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо кормандони Филиал Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Бонки, Эсхата» дар вилояти Хатлон вохур гузаронида шуд.  Муовини Раиси Суди Олии иқтисоди Ҷумқурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Аминзода 3. ва Раиси суди иқтисоди вилояти Хатлон, Хайридцинзода А. баромад намуда вобаста ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қайд карданд, ки аз паём то паём ин худ марҳилаест, ки қадамҳои гузоштаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт баҳогузорӣ ва ҷамъбаст карда мешавад. Пешравиҳо дастгирӣ ёфта, камбудиҳо ошкор ва бояд бартараф карда шаванд. Сарвари давлат дар Паёми имсола оиди дастовард ва камбудиҳои соли 2017 зикр намуда, ҳамчунин барои пешрафти бештари соҳаҳои гуногуни кишвар вазифаҳои мушаххас пениҳод намуданд.

Аз ҷумла, ба самтҳои стратегии кишвар афзалияти бештар дода шуд. Яке аз ин самтхо барномаҳои стратегии мамлакат бахри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб рафта, сохтмони сарбанди неругоҳи барқи обии «Роғун» бозгӯ ва рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар назар аст, ки соли 2018 аввалин агрегати он ба кор дарояд.Ҳамчунин ҳукумати мамлакат таъмини устувори мардум бо неруи барқро вазифаи худ дониста, дар партави Паёми Сарвари давлат дар ин самт чораҳои муассирро рӯи даст гирифтааст. Самараи ин тадбирҳоро мо бо чашми худ дида истодаем, ки зимистони соли гузашта ва тирамоҳу зимистони имсоларо мардуми ҷумҳурӣ бе камбудии неруи барқ сипарй менамоянд.

Инчунин зикр гардид, ки ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи мамлакат, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Яке аз нақшаҳои олии кишвар ин таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии ҷумҳурӣ буда, ҳамзамон дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ нигаронида шудааст

Ҳамзамон дар вохури қайд карда шуд, ки Дастгирии иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат ба ҳисоб меравад.ки дар Паем вобаста ба ин ба таври васеъ гуфта шуд.

Бо боварии том метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат, пеш аз ҳама, роҳнамои ҳаёт ба сӯи рӯзгори неку босаодати мардуми Тоҷикистон ва ҳамзамон оинаи таҷассумкунандаи пешравиҳои имрӯзу фардои кишвар ба ҳисоб меравад.

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғибу ташвиқи нуктаҳои муҳим ва амалигардонии ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат ҷидду ҷаҳд намуда, дар самти тарғибу ташвиқ ва омӯзиши Паём давоми соли 2018 гузаронидани семинару вохурихоро пешаи худ намуданист.

Дар ин вохӯриҳо бештар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, нақшаҳои дар Паём зикргашта матраҳ шуда, ҳадафҳои Сарвари давлат ба мардуми касбу кори гуногун шарҳу тавзеҳ дода мешаванд. Яке аз масъалаҳои муҳим мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ мебошад, ки дар Паём ба он ишора гардид.


Leave a Reply