Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

30 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Чи тавре, ки Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.

Нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баъди баррасии вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти Созмон ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи таъмини амнияти кафолати мамлакатҳои аъзои созмон, инчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис муайян карда шуданд.


Leave a Reply