Мизи мудаввар ба ифтихори 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ба ифтихори 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ-поягузори давлати миллии тоҷикон ва Парчами давлатӣ-рамзи шинохти асолати миллӣ”мизи мудаввар доир гардид.

Мизи мудавварро Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода М.С., оғоз намуда, иброз доштанд, ки пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ бар асари низоъҳои дохиливу ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳолати парокандашавӣ наздик шуда, фаъолияти ҳокимияти давлатии қонунӣ фалаҷ гардида буд. Гуруҳҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ талоши ба қисматҳо ҷудо намудани кишвари моро ҳадаф қарор дода буданд.

Хушбахтона, баргузории Иҷлосияи 16 Шўрои Олӣ роҳи ин вазъияти ҳассосро ҳамвор намуда, роҳбари тавонмандеро ба қудрат овард, ки пеш аз ҳама бо устувории тамом ба хатми ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезагон ва рушду тараққиёти ин Ватани азиз камар баст.

Инак ҳамагон шоҳидем, ки талошҳои боровари Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, давлату миллати тоҷикро аз парокандашавӣ нигоҳ дошта, сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдор намуд. Натиҷаи Иҷлосияи 16 буд, ки феълан Тоҷикистонро дар соири кишварҳои олам чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун шинохтанд. Гузашта аз ин, аз сўи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтани пешниҳодҳои башардўстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нишони таваҷҷуҳ ба нуфузи кишвари мо дар арсаи ҷаҳонист.

Бояд иқрор намуд, ки маҳз ҳамин ҷаласаи таърихӣ фаъолияти мақомоти давлатиро дигарбора ба танзим даровард. Ҷиҳати  таҳкиму такмили қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии мардуми кишвар замина гузошта, санади муҳим Конститутсияи  нави давлати соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ва ҳамин тавр роҳу раванди мамлакати мо ба таври қатъӣ муайян гардид ва дар муҳлати кутоҳи таърихӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намуд.

Ҳамзамон бо ба даст овардани соҳибихтиёрӣ соли 1992 дар  Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз  ҷумла Парчам қабул гардида, Сарвари тозаинтихоби тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз қабул гардидани Парчами давлатӣ дар ҳамин Иҷлосияи Шӯрои Олӣ ҳамчун нишони эҳтирому садоқати ватандӯстӣ онро бӯсида, сипас ба иҷрои вазифа оғоз карданд. Чунин арзи эҳтироми Сарвари тозаинтихоб ба Парчами давлатӣ нахустин қадами самимӣ ва садоқат дар ҷодаи ба ҳам овардани миллат буда, аз он айём бо нишони эҳтирому садоқат рӯзи 24 ноябр дар кишварамон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид.

Парчаму парчамдорӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихии бостоншиносӣ парчамдории мардуми мо таърихи зиёда аз      4000 – сола дорад.

Омӯзиши таърихи давлатдории аҷдодони ориёӣ маълум менамояд, ки ҳокимону пешвоён барои ифода кардани мавҷудияти давлати худ рамзу нишон, ишора, аломат ва дигар воситаҳоро қабулу истифода мекардаанд.

Олимони бостоншинос таҳқиқ намудаанд, ки парчамсозии мардуми ориёӣ аз даврони давлатдории Пешдодиён ва Каёниён ибтидо мегирад. Ин омил башорат медиҳад, ки мардуми тоҷик аз оғози давлатдории хеш таҷрибаи ливобардориро соҳиб буд.

Дар адабиёти оламшумули тоҷику форс, аз ҷумла дар ашъори безаволи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Румӣ, Саъдӣ, Носири Хисрав, Низоми Ганҷавӣ ва дигар мутафаккирон бузургии Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ васф шудааст.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи арҷгузории Парчам аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар бораи корномаи Коваи оҳангар, ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза умр ба сар мебурд, ба мушоҳида мерасад. Коваи оҳангар аз зулму ситами Заҳҳоки морон  ба дод омада, чун нишони эътироз пешдомани чармии худро бар сари найза кашида, мардумро ба шӯриш даъват мекунад ва пирӯзӣ ба даст оварда, шоҳ Фаридун сари тахт омада, пешдомони Коваи музаффар «Ковиёни Дирафш»-ро ҳамчун парчам пазируфта, онро муқаддас медонад.

Чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷик ва корномаи Коваи диловар рафт, ба хотир шоҳасари ҷаҳонии Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и безавол меояд, ки он тарғибгари ватандӯстию некию мардонагӣ буда, намунаи ифтихори меҳанпарастии мардумони мо мебошад. Аз ин рӯ, парчами Коваи оҳангар дар зеҳни мардуми ориёӣ то имрӯз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накарда, аз он айём нисбат ба Парчам ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва давлатдории аҷдодон садоқати мардумӣ зиёдтар гардидааст.

Аз варақгардонии таърихи халқи тоҷик маълум мегардад, ки парчам ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик арзиш дошта, нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин сарвати давлатдорӣ ба шумор меравад.

Парчаме, ки дар маркази ҷумҳурӣ қомат афрохтааст, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардидааст. Бунёди он аз эҳтироми муқаддасоти миллӣ ба ин рамзи давлатӣ шаҳодат медиҳад.

Қадршиносӣ аз давлату Парчам ва ифтихор аз гузаштаву имрӯз ва фардои халқ яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди интихоб ё таъйин гардидан ба мансабҳои ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ, аз ҷумла судя  пеш аз шурӯъ ба иҷрои вазифа бо тартиби муқарраргардида савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад. Чун қоида дар ҷойи баргузории маросими қасамёдкунӣ Парчам гузошта мешавад, ки эҳсоси муҳаббату садоқат ба Парчамро бори дигар собит менамояд.

Фикр мекунам, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Ҳисси ифтихор аз парафшонии Парчам бояд дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо ҷой дошта бошад.

Аз фурсат истифода намуда, кулли ҳамватанонро бо фарорасии ин ҷашни миллӣ самимона муборакбод намуда, барояшон сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва иқболи неку пирӯзиҳоро таманно дорам. Бигзор ҳамеша сулҳу субот, ободиву осоиштагӣ дар кишвар устувору парчами Тоҷикистони азизамон ҳамеша парафшон бошад.

Ҳамин тавр, Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, дар арафаи ҷашнгирии ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ва рӯзи муборак тамоми мардуми шарафманди миллати тоҷик, ҳозирини гиромикадр, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодиро табрик гуфта, ба хонадони кулли сокинони кишвари маҳбубамон саодату хушбахтй ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободй ва вахдати миллии ҷовидонӣ орзу намуда, ба кори мизи мудаввар барору комёбиҳо ва парафшонии Парчами баландтарини дунёро таманно намуданд.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар Судяи Суди Олии иқтисодй Нуриддини Н.Б. дар мавзӯи “Парчами давлатӣ ифгихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд” ва котиби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Амрихудозода Ф.Д. дар мавзӯи “Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-поягузори давлати миллии тоҷикон” баромадҳо намуда, иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.


Leave a Reply