Суханронии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Муҳтарам Раис, Раёсат

Вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Суди Олии иқтисодӣ бо арзи қаноатмандӣ аз ҳамкорӣ бо Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Шумоён вакилони гиромӣ бобати такмили қонунгузории кишвар дар самти таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ  изҳори сипос менамояд.

Муҳтавои лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мазкурро бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин мушаххасгардонии меъёрҳои алоҳидаро дарбар мегирад.

Лоиҳа  аз 4 қисм иборат буда, дар матни моддаи 35 қисми 2 иваз намудани калимаҳои “марзию маъмурӣ” ба калимаҳои “маъмурию ҳудудии”,  дар моддаҳои 54 қисми 5 ва 64 қисми 4 иваз намудани калимаҳои “ҷиноӣ” ба калимаҳои “ҷиноятӣ”, дар моддаи 162 қисми 4 иваз намудани калимаҳои “мақомоти худидоракунии маҳаллӣ” ба калимаҳои “мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” дар назар дошта шудааст.

Инчунин аз қисми 1 моддаи 187 хориҷ намудани калимаҳои “аз ҷумла, иҷрочии суд” ва илова намудани калимаҳои “нисбати иҷрочиёни суд бо талаботи пешбининамудаи моддаҳои 303 ва 304 ҳамин Кодекс” дар назар дошта мешавад. Зарурати ворид намудани чунин тағйирот дар он зоҳир мегардад, ки дар боби 22 Кодекс (моддаи 187) мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амал (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомот, шахсони мансабдор, тартибу муҳлати муроҷиат ба суд, тартиби баррасӣ, доираи субъектони шахсони муроҷиаткунанда  пешбинӣ карда шуда, институти мазкур аз институти шикоят нисбати амал ва беамалии иҷрочии суд куллан фарқ дошта, онҳо бо ҳам мухолифат мекунанд. Масоили баррасии иҷрои санадҳои судӣ аз ҷумла, шикоят нисбати амал  (беамалии) иҷрочии суд дар фасли 7 Кодекси мазкур пешбинӣ гардида, тартибу муҳлати муроҷиат ба суд, нисбатан кутоҳ – 10 руз ва доираи субектони муроҷиат танҳо қарздор ва ситонанда мебошанд. лоиҳаи мазкур аз мухолифатҳои ҷойдоштаро аз байн мебарад.

Лоиҳаи мазкур ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Вакилонӣ гиромӣ, Эҳтиромона хоҳиш менамоям лоиҳаро ҷонибдорӣ намоед.

Барои таваҷҷўҳатон ташаккур!

 

Раиси Суди Олии иқтисодӣ          Қаландарзода М.


Leave a Reply